Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СУРФАКАБУДАК

surfakabutak

СУРФАКАБУДАК сиёҳсурфа, коклюш, як навъ бемории сироятӣ ва шадидеро гӯянд, ки ба он бештар бачагон (аз 2 то 5-сола) гирифтор мешаванд. Аломаташ: сурфаи хеле сахт ва тангнафасӣ. Бактерияи Борде — Жангу ба вуҷуд меорад. Манбаи сироят шахси бемор (ҳангоми гуфтор, сурфа, атса, буса) мебошад. Микроб берун аз организм тез нобуд …

Муфассал »

СУРФА

sulfa

СУРФА, сулфа, амали рефлексист, ки одатан дар натиҷаи ангезиши пардаи луобии роҳҳои нафас (тавассути балғам ҳангоми илтяҳо- бн уэвҳои нафаскашӣ ё дохил шудани ҷисмҳон бегона, масалан, чанг, дуд ва ғайра) ба вуҷуд меояд. Сурфа яке аз аломатҳои асосии бемории ҳалқум, хирной, бронхҳо ва бофтаҳои шуш мебошад. Ҳангоми, тарс, хиҷолат ва …

Муфассал »

СУРУДИ ТАЪРИХӢ

nota-2

СУРУДИ ТАЪРИХӢ, як навъ асари фолклорист, ки дар он аз воқеаю шахсони таърихӣ сухан меравад. Дар он ҳам унсурҳои асарҳои эпикӣ ва ҳам унсурҳои назми лирикӣ вуҷуд доранд. Сурудҳои таърихии тоҷикӣ аз бандҳои семисраӣ, чормисраӣ, панҷмисраӣ, рубоиҳо, ғазалҳо ва ғайра таркиб ёфтаанд. Намунаи қадимтарини Сурудҳои таърихӣ сурудест, ки сокинони шаҳри …

Муфассал »

СУРУРӢ Муслиҳуддин ибни Мустафо ибни Шаъбон

unknown_person

СУРУРӢ    Муслиҳуддин ибни Мустафо ибни Шаъбон (соли таваллуд номаълум — вафот 1562, Истанбул), шоир ва донишманди турк. Пас аз хатми таҳсили расмӣ муовини қозӣ, мударрис, маъмури тарбият ваомӯзгор буд. Адабиёти форс-тоҷикро дар Туркия тарғиб мекард. Ба забони форсӣ шеър ва асарҳои тадқиқӣ менавишт. Таълифоти муҳимтарини Сурурӣ: «Баҳр-ул-маориф» дар арӯз ва …

Муфассал »

«СУРУДИ ПОРСИ»

surud-nota

«СУРУДИ ПОРСИ», сурури порс, суруди қадимист аз силсилаи 360 лаҳнп мусиқии (суруди) ба рӯзҳои сол таснифшудам давраи Сосониён. «Суруди порсӣ» суруди шӯхшанге буда, ҳангоми базм иҷро мешудааст. Ин сурудро аз таснифоти Борбад медонанд.    Я. Раҳимов.

Муфассал »