Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СУФА

sufa

СУФА, саҳни баланде, ки дар пешгоҳи хона, толор ва ё дар боғҳо барои нишастан месозанд. Бештар аз санг, кулӯх, хишт, похса ба андоза ва баландии дилхоҳ (баландиаш 40— 50 см ва зиёдтар) девор бардошта, дарунашро бо хок, санг ва ғайра пур карда, сатҳ ва деворашро андова мекунанд. Ба болои он …

Муфассал »

СУТУР

asp

СУТУР, чорпои саворӣ ва боркаш (асп, хар, хачир, уштур, ғажгов)-ро гӯянд.

Муфассал »

СУТУНМӮҲРА

СУТУНМӮҲРА, аррапушт, нухоъ, сутуни фақарот, қисми асосии скелети меҳварии ҳайвоноти мӯҳрадор ва одамро гӯянд. Ба қадри ба шароити хушкӣ мутобиқ гардидани мавҷудоти мӯҳрадор бештар ба Сутунмӯра такя мекардагӣ шуданд. Зарурати устувор гаштани Сутунмӯра боиси пайдоиши пайвандҳои байнимӯҳраҳо гардид. Ғайр аз ин Сутунмӯраҳароммағзро муҳофизат мекунад. Сутунмӯраро ба якчанд қисм (аз ҷонварони …

Муфассал »

СУТУНКӮБАК

hydraulic-percussive-hammer-rotary-drilling

СУТУНКӮБАК, мошини зарбазани бинокорист барои ба замин кӯфтани мехсутунҳо. Муҳаррик ва узви кории Сутункӯбак якҷоя сохта шудаанд. Сутункӯбакҳои буғуҳавоӣ (бо буғи хушк ё буғи андаке тафсдор 3 худ бо ҳавои фишурда кор мекунад), дорои муаррики дарунсӯз (дизелӣ, бензинӣ) мавҷуданд.

Муфассал »

СУТУН

sutun

СУТУН, як ҷузъи иншооти меъморист, ки иборат аз поя, тана ва боша буда, сақфи хонаро нигоҳ медорад. С. аа чуб, санг ва хишти пухта, металл ё оҳану бетон сохта мешавад. Дар ҳудуди Тоҷикистон қадимтарин Сутуни сангин (асри 13) дар ёдгории меъмории Ҳоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ (деҳан Угуки ноҳияи Ғончӣ) боқӣ мондааст. …

Муфассал »