Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СУХОМЛИНСКИЙ Василий Александрович

suxomlinskiy

СУХОМЛИНСКИЙ Василий Александрович (28. 9. 1918, деҳаи Васильевка, ҳоло ноҳияи Онуфриеви вилояти Кировоград — 2. 9.1970. пос. Павлыши ҳамон ноҳия), педагоги советӣ. Муаллими Хизматнишондодаи Мактаби Ресспубликаи Советӣ Сотсиалистии Украина (1969), аъзо-коррспонденти Акадеияи Илмҳои Педагогии СССР (1968),Академияи Илмҳои Педагогии РСФСР (аз 1957), Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1968). Аз оилаи деҳқон. Институти педагогии …

Муфассал »

СУХОЙ Павел Осипович

suxoy-p-o

СУХОЙ Павел Осипович (22. 7. 1915, деҳаи Глубокое, ҳозира вилояти Витебск—15. 9. 1975, Москва), авиаконструктори советӣ, ду карат Қаҳрамони Меҳнати Социалиотӣ (1957, 1965), докторӣ илмҳои техника (1940), конструктори генералӣ (1956). Баъдӣ хатми Омӯзишгоҳи олии техникии Москва (1925) дар Институти марказии аэрогидродинамикии ба номи Н. Б. Жуковский инженерконструктор шуда кор кард. …

Муфассал »

СУХОВЕРХОВ Василий Кузьмич

suhoverhov-vasilij-kuz-mich

СУХОВЕРХОВ Василий Кузьмич (таваллуд 28. 7. 1914, деҳаи Новоалександрови ноҳияи Рубцов, кишвари Олтой), механизатор, Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1951). Аъзои КПСС аз соли 1940. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941— 45). Мактаби механизатории ноҳияи Рубцовро хатм кардааст (1929). Солҳои 1930—76 вазифаҳои гӯногуни истеҳсолию маъмуриро иҷро кард. Аз соли 1976 нафақахӯри шахсӣ. Суховерхов …

Муфассал »

«СУХАН»

gazeta

«СУХАН» журнали ҳармоҳаи адабӣ ва ҷамъиятию илмии эронист, ки соли 1043 таъсис ёфтааст. Ношири аввалини он Забеҳулло Сафо буд. Аз шумораҳои 6—7 сар карда, сармуҳарририи «Сухан»-ро Парвиз Нотили Хонлари ба ӯҳда гирифт. Марти 1948 «Сухан» баста шуд. Моҳҳои октябр ва ноябри 1952 аз нав нашр гардид ва то вуқуи Инқилоби …

Муфассал »

СУФРА

non

СУФРА (арабӣ —дастархон), лавозими рӯзгорро гӯянд, ки ба фарши хона ё рӯи миз густурда, ба он орд мебезанд, нон рост мекунанд ва дигар маҳсулоти хамирӣ месозанд. Суфра дар байни тоҷикон, аз қадим маьмул буда, андозааш гуногун аст. Дар гузашта аз пӯст тайёр мекарданд. Ҳоло бештар Суфраҳои брезентӣ, мумҷомагӣ (клеёнкагӣ) маъмуланд.

Муфассал »