Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУХОВЕРХОВ Василий Кузьмич

СУХОВЕРХОВ Василий Кузьмич

suhoverhov-vasilij-kuz-mich

СУХОВЕРХОВ Василий Кузьмич (таваллуд 28. 7. 1914, деҳаи Новоалександрови ноҳияи Рубцов, кишвари Олтой), механизатор, Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1951). Аъзои КПСС аз соли 1940. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941— 45). Мактаби механизатории ноҳияи Рубцовро хатм кардааст (1929). Солҳои 1930—76 вазифаҳои гӯногуни истеҳсолию маъмуриро иҷро кард. Аз соли 1976 нафақахӯри шахсӣ. Суховерхов дар татбиқи мошинҳои хоҷагии қишлоқ дар пахтакорӣ саҳми арзанда дорад. Бо ордени Ленин, медалҳо, Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …