Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ХОЛИД ИБНИ РАБЕЪ Фахруддин

ХОЛИД ИБНИ РАБЕЪ  Фахруддин (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири форс-тоҷик (а. 12). Аҷдодаш аз Макка буданд, вале ў дар Хуросон ба дунё омад ва камол ёфт. Дар дарбори шоҳони салҷуқӣ хидмат мекард. Бо шоири ҳамзамонаш  Анварӣ мукотиба ва робитаи дўстӣ дошт. Аз осори адабии Xолид ибни Рабеъ  79 байт …

Муфассал »

ХОЛИ ТИРМИЗИ Ҷалолуддин Абўбакр

ХОЛИ ТИРМИЗИ Ҷалолуддин Абўбакр (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири форс-тоҷик (а. 12). Xоли Тирмизӣ дар зодгоҳаш Тирмиз таҳсили илм кардааст. Қитъаҳои ў бештар хусусияти андарзӣ доранд. Намунаҳое, ки Авфии Бухороӣ дар «Лубоб-ул-албоб» овардааст, аз ҳамин қабиланд. Xоли Тирмизӣ на танҳо дар қитъа, балки дар қасидаву рубойӣ ва ғазалиёташ низ …

Муфассал »

ХОЛЕСТЕРИН

xolesterin

ХОЛЕСТЕРИН, моддаест аз гурӯҳи стеринҳо. Дар дигар, бофтаи асаб, чарбу ва ғ. бисёр аст. Дар ҳайвоноти муҳрадор ва одам бо иштироки Xолестерин гормонҳои ҷинсӣ, кортикостероидҳо, кислотаҳои талха хосил мешаванд. Барзиёдии Xолестерин дар организми одам боиси ҳосилшавии санги талха, ҷамъшавии Xолестирин дар девораи рагҳо ва дигар ихтилоли мубодилаи моддаҳо мегардад.

Муфассал »

ХОЛЗОДА Саид

ХОЛЗОДА Саид (тав. 1916, деҳаи Марзичи pаёни Айнӣ), шоири халқии тоҷик. Аз оилаи косиби музадўз. Курси 7-моҳаи муаллимтайёркунии Ленинободро хатм кардааст (1937). Муаллим буд. Баъд ба Ҳисор омад. Дар сохтмони канали Варзоб иштирок кард. Шеърҳои аввалинаш — «Муаллимони сурхи Шўро» (1937), «Бо роҳбарии Ленин» (1938). Xолзода дар дос­тони «Ду ҳаёт» …

Муфассал »

ХОЛЕЦИСТИТ

kholetsistit

ХОЛЕЦИСТИТ (аз юн. qbole — талха ва kystis — талхадон), газаки талхадонро гӯянд, ки одатан ҳангоми дарди санги талха рӯй медиҳад. Xолецистит шадид ва музмин мешавад. Ба вуҷуд омадани дарди хурӯҷкунанда дар тарафи рости шикам, ки ба китфи росту шона ҳам мегузарад, беҳузурии дил, қай, табларза, баланд шудани ҳарорати бадан …

Муфассал »