Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ХУБСИЁТ

ХУБСИЁТ (аз ар. палид, нохуш), ашъори ҳаҷвиеро гўянд, ки бо лафзу иборатҳои бешармонаю қабеҳ ва дур аз одоб навишта шудаанд. Xубсиёт одатан барои доираи махдуди ашхос эҷод гардида, дар он касони пасттинату разил бераҳмона ва бо алфози қабеҳтарин масхара ва фош карда мешуданд. Чунин шеърҳо баъзан ба қалами шоирони машҳури …

Муфассал »

ХУВИШКА

ХУВИШКА (с. тав. ва ваф. номаълум), номи яке аз ду нафар шоҳони сулолаи Кушониён. Xувишка дар рўи тангаҳо, навиштаҷот, ахбори дар асари таърихии Кашмирӣ «Раҷатарангини» (а. 13) ҷой дошта маълум аст. Навиштаҷоти бо номи Xувишка ба солҳои 28 то 60 «асри Канишка» рост меояд. Дар ахди Xувишка давлати Кушониён ҳашамати …

Муфассал »

ХУБАК

xubak

ХУБАК, чурак, чирак (Fraxinus raibocarpo), як навъ буттаест аз оилаи зайтуниҳо. То 6 м қад мекашад. Баргаш пармонанд (аз 3 ва 5-то баргча иборат аст); баргчааш байзашакл, бедандонаи чармгун (дарозиаш то 6 см, бараш то 4 см).Гулаш 4-баргаи сафед, дуҷинса, мевааш досшакли қанотакдор (дарозиаш то 3 см, бараш 1,5 см). …

Муфассал »

ХУБОНӢ

seb-xuboni

ХУБОНӢ,  1) зардолуро гўянд, ки бо мағзи бодом хушконида шудааст. Xубонӣ аз қадим дар байни тоҷикон маъмул аст. Зардолуро дукафон намуда ба ҷои донакаш мағзи бодомро мегузоранд ва дар офтоб хушк мекунанд. 2) Як чанд навъи себи  сурхро гўянд.

Муфассал »

ХРУЩЕВ Никита Сергеевич

nikita-khrushchev

ХРУЩЕВ Никита Сергеевич (17. 4. 1894, дехаи Калиновкаи губ. Курск —11. 9. 1971, Москва), ходими давлатӣ ва партиявии советӣ. Аз оилаи шахтёр. Аъзои КПСС аз с. 1918. Котиби якуми Комитети партиявии вилоят ва шахри Москва (1935—38), котиби якуми КМ ПК Украина буд (1938—47). Аз дек. 1949 котиби КМ ва котиби …

Муфассал »