Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХУВИШКА

ХУВИШКА

ХУВИШКА (с. тав. ва ваф. номаълум), номи яке аз ду нафар шоҳони сулолаи Кушониён. Xувишка дар рўи тангаҳо, навиштаҷот, ахбори дар асари таърихии Кашмирӣ «Раҷатарангини» (а. 13) ҷой дошта маълум аст. Навиштаҷоти бо номи Xувишка ба солҳои 28 то 60 «асри Канишка» рост меояд. Дар ахди Xувишка давлати Кушониён ҳашамати худро нигоҳ дошта, Бохтар, ноҳияҳои Кобул, Кашмир, ва шимолу ғарбии Ҳиндустон, аз ҷумла Матхураро ҳам дар бар мегирифт. Хувишкаро намояндагони оинҳои гуногун эътироф мекарданд.     И. В. Пьянков.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …