Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ШОҲТЕМУР Шириншоҳ

shirinshoh-shohtemur

ШОҲТЕМУР Шириншоҳ (1899, деҳаи Поршневи ҳозира ВАБК—1937), ходими давлатӣ ва партиявии советӣ. Аз оилаи деҳқони камбағал. Аъзои Партияи коммунистӣ аз с. 1921. Фаъолияти меҳнатиаш аа 13-солагӣ оғоз ёфтааст. С-ҳои 1914— 19 дар корхонаҳои ш. Тошкент кор карда, бо большевикон шинос гардид. С. 1920 ба Хуҷанд омада дар развёрстка озуқа иштирок …

Муфассал »

ШОҲТАРАИҲО

shohtaraiho

ШОҲТАРАИҲО, шотараиҳо  (Fumariaceae), як оилаи растаниҳои дупалларо гӯянд. Ш. қариб 400 намуд (16 ҷинс)-и гиёҳҳоро дарбар мегиранд. Барги онҳо одатан чок-чок аст; баргҳо дар бехи поя ё поя (пайдар ҳам ё рӯ ба рӯ) ҷой мегиранд. Гули майдаи базеб. 4-барга (2-то аз дарун ва 2-то аз берун ҷойгиранд), дуҷинса, руяки …

Муфассал »

ШОҲРӮД

shohrud

ШОҲРӮД, номи яке аз қадимтарин ва калонтарин иншооти обёрӣ дар Бухоро. Ш. тақр. дар ох. ҳазораи 1 то м. б ибт. милод кофта шуда, ах д. Зарафшон оғоз меёфт. Дар асрҳои миёна Руди Зар ё Наҳри Зар ном дошт ва аз мобайни ш. Бухоро мегузашт. Номи Ш. шакли тағйирёфтаи «шаҳрруд» …

Муфассал »

ШОҲРУХ

ШОҲРУХ (1377—1447), яке аз ҳокимони давлати Темуриён. Писари Темур. С-ҳои 1396—1409 ҳокими Хуросон. С-ҳои 1404—09 барот мерос бо дигар аъзоёни хонадони Темуриён мубориза бурда, Мовароуннаҳрро ба даст даровард. Ҳокими олии (1409—47) давлати Темуриён шуд. Дар аҳди у пойтахти давлати Темуриёи аз Самарқанд ба Ҳирот кучонида шуд. Дар давраи ҳукмронии Ш. …

Муфассал »