Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШОҲТЕМУР Шириншоҳ

ШОҲТЕМУР Шириншоҳ

shirinshoh-shohtemur

ШОҲТЕМУР Шириншоҳ (1899, деҳаи Поршневи ҳозира ВАБК—1937), ходими давлатӣ ва партиявии советӣ. Аз оилаи деҳқони камбағал. Аъзои Партияи коммунистӣ аз с. 1921. Фаъолияти меҳнатиаш аа 13-солагӣ оғоз ёфтааст. С-ҳои 1914— 19 дар корхонаҳои ш. Тошкент кор карда, бо большевикон шинос гардид. С. 1920 ба Хуҷанд омада дар развёрстка озуқа иштирок кард, 1921 дар ҳайати Комиссияи ҳарбии сиёсӣ ба Помир фиристода шуд. С-ҳои 1921—22 раиси Комитети революционӣ, 1922—23 раиси Комиссияи ҳарбии сиёсӣ.  С-ҳои 1923—24 дар аппарати КМ ПК(б) Туркистон кор кард. Дар баробари ин роҳбари Секцияи коммунистӣ оид ба Тоҷикистон буд. С. 1926 комиссари халқии молияи республика. С. 1929 Ун-ти коммуиистии меҳнаткашони Шарқро дар Москва хатм намуд. С. 1929 котиби масъули Комитети партиявии вилоятии Тоҷикистон. С-ҳои 1929—32 котиби 2-юми КМ ПК(б) Тоҷ. С-ҳои 1933—37 раиси КИМ-и РСС Тоҷ. С-ҳои 1925—37 аъзои КИМ-и СССР. Ш. дар барпо ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон, беҳтар ва мустаҳкам кардана кори органҳои партиявӣ ва советӣ, инкишофи хоҷагӣ ва маданияти республика ва тарбияи кадрҳои партиявию советии миллӣ ҳиссаи калон гузошт. Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат (1930) мукофотонида шудааст.

Ш. Ҷалилов, А. Қодиров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …