Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 46)

Маданият ва санъат

СУДОБА

shohnoma

СУДОБА яке аз персонажҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсист. Духтари шоҳи Ҳомоварон (Яман). Шоҳи Эрон Кайковус ӯро ба муқобилати падараш нигоҳ накарда, ба занӣ гирифт. Судоба ба писари Ковус — Сиёвуш ишқ баста, бо макру ҳила ӯро ба худ маил карданӣ шуд. Сиёвуши поктинат ин ишқи ноҷоизро рад намуд ва бар асари кинахоҳии …

Муфассал »

СУВОРА

nota-2

СУВОРА таронаест дар таркиби сарахбори мақомҳои «Шашмақом», ки маънои оғози мавзӯи аслии мақомҳоро дорад. Сувора асосан дар шӯъбаи якуми қисми насрии (овозии) ҳар мақом омада, баъазе ҷои худро бо таронаҳои дигар иваз мекунад. Сувора дар кадом мақоме, ки омада бошад, номи ҳамон мақомро мегирад. Масалан, «Сувораи Бузрук»; (мақоми «Бузрук»), «Сувораи …

Муфассал »

«СУБҲИ ГУЛШАН»

book-5

«СУБҲИ ГУЛШАН»  тазкираест, ки Сайидалӣ Ҳасанхони Бҳуполӣ мутахаллис ба Салим соли 1878 таълиф кардааст. «Субҳи гулшан» тазкираи умумист, ки шарҳи ҳоли 2024 шуарои мутақаддим ва ҳамасри муаллифро дар бар мегирад. Тазкира ба тартиби аллфбои арабӣ буда, бо номи Осори Бухороӣ оғоз ва бо Мавлавӣ Юсуфалӣ авҷом ёфтааст. Салим дар муқаддимаи …

Муфассал »

СУБЪ

koran

СУБЪ (арабӣ — ҳафтяк),     1) ҳафтум ҳисса аз чизест; 2) ҳафтум ҳисса аз Қуръон, ки барои тиловати ҳафта муқаррар кардаанд ва онро мунзал низ гӯянд.

Муфассал »

Спитамен

spitamen1

СПИТАМАНА, Спитамен (соли таваллуд номаълум — вафот 328 то мелод), лашкаркаши Суғд қаҳрамони муборизаи зидди истилогарони юнонию мақдунӣ. Соли 329 то мелод Спитамана лашкари пурқуввате ҷамъ оварда, барои озод кардани пойтахти давлати Суғд — шаҳри Мароканд (Самарқанд), ки дар он ҷо қӯшунҳои юнониён ҷойгир шуда буданд, мекӯшад. У юнониёнро шикаст …

Муфассал »

СПЕКТАКЛ

spectakle

СПЕКТАКЛ (франсавӣ sресtaсlе аз, лотинӣ spectaculum — тамошо), асари санъат барои саҳна, ки онро коллективи театр (актёрҳо, рассом, бастакор ва дигарон) бо сарварии режиссёри таҳиягар меофаранд. Дар театридрама процесси тайёр кардани Спектакл аз интихоби песа сар мешавад, ки он ба талаботи эстетикию завқи тамошобинон, имкониятҳои саҳна, маҳорати дастаи актёрон ва …

Муфассал »

«СОҚИНОМА»

nota-2

«СОҚИНОМА»   сурудестдар шӯъбаи дуюми ҳар мақоми «Шашмақом». Азбаски оҳангу матни ин суруд ба васфи соқист, онро «Соқинома» меноманд. Масалан, ду байти «Соқиномаи савти сарвиноз» (аз мақоми якум — Бузург), ки Абдурраҳмони Ҷомӣ иншо кардааст, чунин аст: Биё, соқиё, барги ишрат бисоз. Макун дар ба рӯи ҳарифон фароз… Агар буди аз …

Муфассал »

«СОЯИ НАВРУЗ»

nota-2

«СОЯИ НАВРУЗ»  суруди қадимии давраи Сосониён аст. «Сояи Навруз» аз силсилаи суруду оҳангҳои маросимӣ буда, ба ҷапши Наврӯз бахшида шудааст. Баъзе маъхазҳо онро аз таснифоти Борбад медонанд.

Муфассал »

«СОЯГОҲ»

nota-2

«СОЯГОҲ»       суруди қадимии давраи Сосониён аст. «Соягоҳ» ба силсилаи 360 лаҳни мусиқии (суруди) ба рӯзҳои сол таснифшудаи он давра тааллуқ дорад. Баъзе маъхазҳо «Соягоҳ»- ро аз таснифоти Борбад медонанд.

Муфассал »

СОПРАНО

pict_226

СОПРАНО (италиёӣ sorpano—баланд), 1) овози баландтарини сарояндагиро гӯянд. Ҷиҳати муҳими Сопрано он аст, ки регистри баландаш нағз инкишоф ёфта бошад. Ба Сопрано одатан овози занон ва бачаҳо рост меояд. Дар хор махсусан овози бачаҳо бисёр форам садо медиҳад (онҳоро диска итистҳо меноманд). Се намуди асосии Сопранои занона мавҷуд аст: драмавӣ, …

Муфассал »