Маълумоти охирин

«СОҚИНОМА»

«СОҚИНОМА»   сурудестдар шӯъбаи дуюми ҳар мақоми «Шашмақом». Азбаски оҳангу матни ин суруд ба васфи соқист, онро «Соқинома» меноманд.

Масалан, ду байти «Соқиномаи савти сарвиноз» (аз мақоми якум — Бузург), ки Абдурраҳмони Ҷомӣ иншо кардааст, чунин аст:

Биё, соқиё, барги ишрат бисоз.

Макун дар ба рӯи ҳарифон фароз…

Агар буди аз ҷаҳл ҳар сина соф,

Барафтодӣ аз даҳр расми хилоф…

«Соқинома»-ҳо чун силсила дар чор мақоми «Шашмақом» («Бузург», «Рост», «Наво», «Дугоҳ») ҷой гирифта, бо зарби 4/4 иҷро мешаванд. Онҳо ба мавзӯъҳои аслӣ («Савти сарвиноз», «Ироқи Бухоро», «Савти Ушшоқ», «Савти Наво» ва ғайра) мансубанд.

Масалан, дар шӯъбаи дуюми мақоми «Бузург» вобаста ба номи мавзӯи аслӣ чунин «Соқинома»-ҳоро нишон додаанд: «Соқиномаи савти сарвиноз» (қисми якуми шӯъба), «Соқиномаи муғулчаи Бузург» (қисми дуюми шӯъба), «Соқиномаи Ироқи Бухоро» (қисми сеюми шӯъба) ва «Соқиномаи Рок» (қисми 6-уми шӯъба; дар қисмҳои 4 ва 5 вуҷуд надоранд). «Соқинома»-и муғулчаи Бузург ва «Соқиномаи Рок» бо диез схвози хроматикӣ меояд. Дар мақоми «Рост» дар қисми якуми шӯъбаи дуюм «Соқиномаи савти Ушшоқ» ва дар қисми дуюми ҳамин шӯъба «Соқиномаи савти сабо» вомехӯранд ва ҳар яке ҷиҳати хоси оҳангнокӣ дорад, «Соқиномаи савти Ушшоқ» бо диез иҷро мешавад. Дар мақоми «Наво» «Соқиномаи савти Наво» (қисми якуми шӯъба), «Соқиномаи муғулчаи Наво» (қисми дуюми шӯъба) ва «Соқиномаи мустаҳзоди Наво» (қисми сеюми шӯъба) амал доранд. «Соқиномаи муғулчаи Наво» аз ҷиҳати оҳангнокӣ аз ду «Соқинома»-и дигар бо бемол (овози хроматикӣ) фарқ мекунад, ки байти аввали он чунин аст (шеъри Ҳофиз):

Биё, соқӣ, аз май надорам гузир,

Ба як ҷоми боқӣ маро даст гир!

Дар мақоми чорум — «Дугоҳ» чунин «Соқинома»-ҳо омадаанд: «Соқиномаи «Савти калон» (қисми якуми шӯъбаи дуюм), «Соқиномаи савти Чоргоҳ» (қисми дуюми ҳамин шӯъба) ва «Соқиномаи муғулчаи Дугоҳ» (қисми сеюми ҳамин шӯъба). «Соқиномаи савти калон» бо бемоль ва «Соқинома»- ҳои «Савти Чоргоҳ»-у «Муғулчаи Дугоҳ» бо диез иҷро мешаванд. «Соқиномаи Савти калон» бо шеъри Ҳофиз тараннум шуда, ду байти аввалаш чунин аст;

Биё, соқӣ, акнун ки шуд чун биҳишт,

Зи рӯи ту ин базми анбарсиришт.

Қадаҳ пур кун аз май, ки май хваш бувад,

Хусусан ки софиву беғаш бувад.

Дар мақомҳои 5—6 («Сегоҳ» ва «Ироқ») «Соқинома»-ҳо амал надоранд. Матни «Соқинома»-ҳо асосан порчаҳои маснавиҳои шоирон буда, ба шакли аа, бб, вв эҷод гардидаанд. Барои «Соқинома» чунин матнҳо интихоб шудаанд, ки дар он соқӣ — бодадеҳ тараннум ёфтааст. Вале баъзан барои «Соқинома» ғазалро низ истифода бурдаанд.

И. Раҳимов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …