Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 45)

Маданият ва санъат

СУРУД

surud-nota

СУРУД, шеърест, ки барои бо овози хуш хондан гуфта шудааст, як жанри мусиқии вокалист. Суруд нисбат ба дигар жанрҳои мусиқӣ аз ҷиҳати ритм шаклан устувор буда, меъёри (диапазон) овозиаш хеле васеъ аст. Ҳиссаҳои зарбии Суруд гуногунанд: 2/4, 3/4, 3/8, 5/4, 4/4, 6/8, 7/8 ва ғайра, ки ҳиссаҳои 6/8 ва 7/8 …

Муфассал »

«СУРАТ-УЛ-АРЗ»

book-5

«СУРАТ-УЛ-АРЗ»    асари ҷуғрофии Муҳаммад ибни Мӯсои Хоразмист, ки солҳои 836—46 ба арабӣ таълиф шуда, дар бораи маҳалли ҷойгиршавии шаҳрҳо, куҳҳо, чашмаҳо, дарёю баҳрҳо ва ҷазираҳо маълумот медиҳад. Дар маъхазҳои асримиёнагӣ бо номҳои «Расм-ур-рубъ-ул-маъмур», «Расм- ул-арз», «Расм-ул-маъмур мин-ал-би- лод» низ зикр шудааст. Муаллиф дар боби алоҳида ҷойгиршавии 573 шаҳру маҳалли паси …

Муфассал »

«СУПОРИШ»

nota-2

«СУПОРИШ», сурудест дар охири шӯъбаи якум (қисми насрӣ)-и мақомҳои «Шашмақом». «Супориш» аз сурудҳои дигари «Шашмақом» нисбатан кӯтоҳтар буда, хулосаи мавзӯи асосӣ ва воситаи иртиботи шӯъбаи якум ва дуюм аст. «Супориш» ду навъ аст: «Супориши аввалин» ва «Супориши охирин». Дар байни онҳо уфари мансуб ба мавзӯи асосӣ ҷой гирифтааст. Яъне тартиби …

Муфассал »

СУОЛУ ҶАВОБ

book-1

СУОЛУ ҶАВОБ         яке аз санъатҳои маънавист, ки барои равшан ва таъсирбахш баён намудани фикру ҳиссиёт, хизмат мекунад. Суолу ҷавоб дар шеър бештар мушоҳида мешавад. Ин санъат шаклҳои гуногун дорад: шоир гоҳ ба худ суол дода, худ ҷавоб мегӯад, гоҳ қаҳрамонон бо ҳам суолу ҷавоб мекунанд; баъзан чанд Суолу ҷавоб дар …

Муфассал »

СУОЛИ ХИТОБАТ

book-1

СУОЛИ ХИТОБАТ  яке аз санъатҳои бадеист, ки мувофиқи талаботи он шоир афкору ақоид ва ғояи матлубро саволомез баён мекунад. Суоли хитобат ба санъати бадеии таҷоҳули ориф қаробат дорад, вале ҷиҳати эмосионалӣ ва таъсири маънавии шеъри ба ин санъат эҷоднамуда бештар аст. Аз ин санъати бадеӣ шуарои гузашта ва имрӯзаи тоҷик …

Муфассал »

СУННӢ

kullugun_miracidir_namaz

СУННӢ (арабӣ          аз  — роҳ, равиш, одат), суннигарӣ, яке аз ранияҳои асосии исломро гӯянд, ки баъди Муҳаммад пайравони ӯ — Абӯбакру Умар ва Усмону Алиро ворисони ҳақиқии хилофат медонанд. Асоси Сунниро дини расмми хилофат ташкил медод, ки дар аҳди чор халифаи аввал ташаккул ёфта буд, Бино ба таълимоти Суннӣ, сардори …

Муфассал »

СУННАТ

koran-sunnat

СУННАТ (арабӣ — роҳ, равиш, одат), қадас, маҷмӯи ривоятҳост дар боби зиндагӣ ва рафтору гуфтори Муҳаммад. Дар асрҳои 7—8 ба вуҷуд омада, баъди Қуръон дуюмин манбаи муқаддаси исломӣ эътироф шудааст. Суннат аз ҳадисҳо иборат мебошад, ки дар мавзӯъҳои гуногуни ҳуқуқию ахлоқӣ ва таърихӣ гуфта шудаанд. Сараввал ҳадисро саҳобаҳои Муҳаммад — …

Муфассал »

СУМАНАК

sumanak

СУМАНАК, сумалак,   сабунак, суман, симан, як навъ таоми хушхӯри тоҷикист. Суманакро бо тарзҳои гуногун тайёр мекунанд; бештар чун атолаи ғафс мепазанд, ки ассоси дар водиҳо маъмул аст. Аввал гандумро дар ҷои махсус месабзованд, сипас кӯфта шираашро мегиранд. Дар равған ордро таф мадиҳанд ва баъд ба он оби ҷӯш рехта, мекобанд. …

Муфассал »

АБУКОМИЛИ МИСРӢ

АБУКОМИЛИ МИСРӢ, Шуҷоъ ибни Аслам ибни Муҳаммад ал- Ҳосиб ал-Мисрӣ (тақрибан 850 – 930), риёзидони маъруфи араб, ки ҳаёт ва фаъолияташ асосан дар шаҳри Қоҳира гузаштааст. Фаъолияти илмии Абукомили Мисрӣ, асосан, ба илми ҳисоб бахшида шудааст ва аз ҳамин сабаб лақаби «ал- Ҳосиб»-ро соҳиб гаштааст. Абукомили Мисрӣ нахустин риёзидонест, ки …

Муфассал »

СУЛТОН САОДАТ

sultan-saodat

СУЛТОН САОДАТ, ёдгории меъмории асрҳои 10—17, маҷмӯи мақбараи сулолаи сайидҳо дар наздикии Тирмиз. Мақбараҳои ин ёдгорӣ дар асри 10, аксараш дар асрҳои 15—17 паҳлуи ҳам сохта шуда, як ҳавлии дарозрӯяро ташкил додаанд. Мақбараҳо дорои пештоқ ва хонаҳои чорсӯи гунбазӣ буда, петатоқи асосии ҳавлӣ ва мақбараҳои гунбазии ду шафати он аз …

Муфассал »