Маълумоти охирин

Спитамен

spitamen1

СПИТАМАНА, Спитамен (соли таваллуд номаълум — вафот 328 то мелод), лашкаркаши Суғд қаҳрамони муборизаи зидди истилогарони юнонию мақдунӣ. Соли 329 то мелод Спитамана лашкари пурқуввате ҷамъ оварда, барои озод кардани пойтахти давлати Суғд — шаҳри Мароканд (Самарқанд), ки дар он ҷо қӯшунҳои юнониён ҷойгир шуда буданд, мекӯшад. У юнониёнро шикаст дода, шаҳрро озод ва қалъаро муҳосира мекунад. Искандари Мақдунӣ, ки фурӯъ нишондани шӯриши шаҳрҳои соҳили дарёи Сир ва ободонии шаҳри Искандарияи Ақсо машғул буд, ба ёрии қӯшунҳои худ бо сардории Фарнух 3 ҳазор аскари пиёда ва 800 нафар савора фиристод. Спитамана ин дафъа ҳам душманро торумор мекунад. Искандари Мақдунӣ бо қувваи нав бар зидди Спитамана ҳуҷум мекунад. Спитамана ба тарафи дашт ақиб менишинад. Баҳори соли 328 то мелод Спитамана дар Бохтар юнониёнро паи ҳам шикаст медиҳад. У тирамоҳи ҳамон сол бо лашкари пурқуввате (зиёда аз 3 ҳазор нафар) боз барои озод кардани шаҳри Мароканд ҳуҷум меоварад. Дар ин ҷанг ҳар ду тараф талафоти зиёде медиҳаид. Спитамана ин дафъа низ ба тарафи дашт ақиб менишинад ва ниҳоят бо хиёнати қабилаҳои кӯчманчӣ дастгир ва кушта мешавад. Спитамана аввалии шахсе буд, ки дар сарзамини Суғд ба истилогарони аҷнабӣ муқобилияти сахт карда, ба лашкари гуё мағлубиятнопазири Искандари Мақдунӣ шикаст дод. Оид ба қаҳрамонии Спитамана шоир Қаҳҳорӣ драмаи «Шамшер ва рангинкамон» (1975). бастакор Т. Шаҳидӣ балети «Спитамана» (1978)-ро офариданд.
Адабиёт: Гафуров В. Г., Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история, Москва, 1972; История таджикского народа, том 1, Москва, 1963. Р. Афзалов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …