Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «СУБҲИ ГУЛШАН»

«СУБҲИ ГУЛШАН»

«СУБҲИ ГУЛШАН»  тазкираест, ки Сайидалӣ Ҳасанхони Бҳуполӣ мутахаллис ба Салим соли 1878 таълиф кардааст. «Субҳи гулшан» тазкираи умумист, ки шарҳи ҳоли 2024 шуарои мутақаддим ва ҳамасри муаллифро дар бар мегирад. Тазкира ба тартиби аллфбои арабӣ буда, бо номи Осори Бухороӣ оғоз ва бо Мавлавӣ Юсуфалӣ авҷом ёфтааст. Салим дар муқаддимаи тазкира овардааст, ки у ин асарро бо мақсади пурра кардани тазкираҳои падараш Сиддиқ Муҳаммад Ҳасанхон («Шамъи анҷуман») ва бародараш Саиид Нурулҳасанхон («Нигористони сухан») навиштааст. Тазкираҳои «Офтоби оламтоб», «Ништари ишқ» ва ғайра манбаъҳои асосии «Субҳи гулшан» зикр шудаанд. «Субҳи гулшан» ҳамон соли таълифаш дар Бҳупол ба табъ расидааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …