Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 41)

Маданият ва санъат

ЧАРМГАРӢ

charmgari

ЧАРМГАРӢ, даббоғӣ, яке аз қадимтарин навъҳои ҳунармандист. Дар замони қадим одамони ибтидоӣ пусти ҳайвонотро ба сифати либос истифода мебурданд. Одамон тадриҷан бо ёрии олоту моддаҳои химиявӣ ош додани пўст, тайёр кардани чарм ва аз он дӯхтани ҳар гуна либосу пойафзол ва ғ.-ро омӯхтанд. Чармгарӣ чун касби махсус дар шаҳру деҳоти …

Муфассал »

ЧАНГҚОБУЗ

ЧАНГҚОБУЗ, чангқавуз, лачанг, сози мусиқии филизии камонакшакли забончадорест, ки аз қадимулайём бо номҳои гуногун дар байни бисёр халқҳои ҷаҳон машҳур аст. Ҳангоми навохтан онро байни лабон гузошта бо дасти чап аз думчааш медоранд ва бо ангушти дасти рост забончаи онро ба ларзиш меоваранд. Барои ба вуҷуд овардани оҳанг ҷараёни нафасро …

Муфассал »

ЧАНГ

chang

ЧАНГ, сози қадимаи мусиқиест, ки дар мамлакатҳои Шарқ ва Шарқи Наздик маъмул аст; шакли махсус дорад. Тарафи пешаш (аз тарафи навозанда) 58—60 см, тарафи муқобилаш 74—78 см. Паҳлуҳояш 38—40 см. Тахтачӯбаш дарунхолӣ, ғафсиаш 6 см. Чанг як сӯрохии резонаторӣ, 72 тори металлӣ ва 72 гӯшак дорад. Системам қаторовозиаш аз 24 …

Муфассал »

«ЧАНБАР»

shashmakom

«ЧАНБАР» 1) зарбест дар «Дувоздаҳмақом». Дар он гӯшаҳои мусиқии «Ҳиҷози Бузург» ва «Рубоби Панҷгоҳ»-и шӯъбаи «Аширон»-и мақоми «Буслик»-и овозаи «Гардония» иҷро мешаванд. 2) номи сози мусиқии қадимист, ки ҳоло доира (даф) меноманд. 3) шакли оҳангиест дар қисми мушкилоти мақоми «Ироқ»-и «Шашмақом».  И. Раҳимов.  

Муфассал »

ЧАМБУЛИ МАСТОН

ЧАМБУЛИ МАСТОН, номи кишвари афсонавиест, ки дар «Гӯрӯғлӣ» тасвир шудааст. Мувофиқи ривоятҳои гӯрӯғлисароёни тоҷик Чамбули Мастонро Гӯруғлӣ дар мавзеи зебои Гулбурон бунёд кард. Рӯзҳои аввал Гӯрӯғлӣ танҳо ба сохтмони қаср шурўъ кард. Баъдтар овозаи шаҳрсозии Гӯрӯғлӣ ба атрофу акноф паҳн шуд ва ба он ҷо дуредгарон, косибон омада, ба Гӯрӯғлӣ …

Муфассал »

«ЧАКОВАК»

nota-2

«ЧАКОВАК» 1) гўшаи мусиқист, дар шӯъбаи «Ракаб»-и мақоми «Кӯчак»-и овозаи «Моя»-и “Дувоздаҳмақом». Дар вазни (зарби) «Даври равон» иҷро мешавад. «Чаковак» дар «Шашмақом» амал надорад. 2) як навои мусиқии қадимист, ки Борбади Марвӣ тасниф кардааст. Бино оба маълумоти маъхазҳои қадима «Чаковак» ба таркиби 30 лаҳн (сигона)-и Борбад дохил мешавад. Наво гар …

Муфассал »

ЧАКМАН

chekmen

ЧАКМАН, либоси мардонаи миллии халқҳои Осиёи Мнёнаро гӯянд. Бе астар, пешкушоду дароз, гиребонаш мисли гиребони ҷома аст. Маъмулан аз моҳут ва ё матои ғафси пашмин медўзанд. Пештар дар гиребон, нугҳои остинаш аз риштаҳои гуногуни ранга гул ва дар дар ду бараш ҷияк низ медӯхтанд. Асосан аз болои ҷома мепўшанд.  

Муфассал »

СИРК

cirk

ЦИРК (аз лот. circus —доира), 1) як навъ санъатро гӯянд, ки масхарабозӣ, дорбозӣ, чашмбандӣ, шӯъбадабозӣ ва ғ.-ро дар бар мегирад 2) бинои саҳнадорест, ки он ҷо намоишҳои циркӣ гузаронида мешаванд.

Муфассал »

Шаҳри таърихии ХУҶАНД

hujand

ХУҶАНД, шаҳр ва вилояти таърихию маданиест дар водии Фарғона. Дар ибтидо ҳамчун бошишгоҳи бумӣ ба вуҷуд омада, минбаъд ба маҳалли калони аҳолинишин табдил ёфтааст. Дар асрҳои 6—5 то м. дар қасаба иншооти мудофиавӣ — садди хокӣ буньёд гардид. Дар бораи Хуҷанди асрҳои 4 —3 то м. муаррихони юнонию румӣ (Арриан, …

Муфассал »

«ХУШКОРИҲОИ РИДАКОН»

«ХУШКОРИҲОИ РИДАКОН», яке аз асарҳои адабиёти паҳлавист (соли таълифаш номаълум). То замони мо матни позандии он (ниг. Позанд) расидааст, ки тақр. асрҳои 8—9 мураттаб гардидааст. Асар бо ҷумлаи «Ин дастурҳоро устоди дабиристон додааст» шурӯъ мешавад. Сипас, панду андарзҳо, аз қабили субҳгоҳон  аз хоб бархостан, дасту рӯй шустан, ҳангоми омӯзиши дарс …

Муфассал »