Маълумоти охирин

ЧАНГ

ЧАНГ, сози қадимаи мусиқиест, ки дар мамлакатҳои Шарқ ва Шарқи Наздик маъмул аст; шакли махсус дорад. Тарафи пешаш (аз тарафи навозанда) 58—60 см, тарафи муқобилаш 74—78 см. Паҳлуҳояш 38—40 см. Тахтачӯбаш дарунхолӣ, ғафсиаш 6 см. Чанг як сӯрохии резонаторӣ, 72 тори металлӣ ва 72 гӯшак дорад. Системам қаторовозиаш аз 24 вардаи диатоникӣ ва хроматикӣ иборат аст. Чанг сози оркестрӣ ва якканавозӣ ба шумор меравад. Тембри овозаш ҷарангнок буда, баъзан бо сози кварта ҷӯр мешавад.

chang

Мувофиқи имконияти динамикии (педал) Чанг овоз пасту (пиано) баланд (форте) мешавад. Чангро асосан бо чӯбчаҳо менавозанд. Чанг таърихи дурудароз дорад. Мувофиқи маълумоти маъхазҳои қадимӣ ҳанӯз дар давраи шумериҳо (ҳазораи 4—3 то м.) ин соз бо шаклу намуди дигар маъмул будааст. Мувофиқи маълумоти «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ чангнавози хоси Баҳроми Гўр — Озода ҳамеша бо Чанги худ дар паҳлўи шоҳ будааст ва сӯҳбатҳои хоси ӯро бо садои дилнавози он оро медодааст. Ин асбоб баъдтар бо шакли каме тағйирёфтааш, ки дар асрҳои миёна «Шоҳруд» меномиданд, дар байни халқҳои араб номи «конун”-ро гирифтааст. Сафиуддини Урмавӣ (а. 16) ду намуди он (қонун ва низҳа)-ро хотирнишон мекунад. Абдулқодири Мароғаӣ (а. 15) дар китоби худ «Ҷомеъ-ул-алҳон фиил-мусиқӣ» оид ба Чанг маълумот додааст, ки ба таърифи имрузаи Чанг монанд аст: Чанги прима, Чанги бас, Ч.-и алт. Чанги прима хоси санъати точикону ўзбекон буда, Чанги алт хоси санъати мардуми Эрон ва Кавказ (сантур) аст. Чангии бас бештар дар респубикаҳои Молдавия, Белоруссия ва ғ. (бо цимбала) маъмул мебошад.

Ад.: В ы з г о Т. С. Музыкальные инструменты Средней Азии, М.. 1980.

И. Роҳимов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …