Маълумоти охирин

ЧАНГ

ЧАНГ, сози кадимаи мусикиест, ки дар мамлакатхои Шарк ва Шарки Наздик маъмул аст; шакли махсус дорад. Тарафи пешаш (аз тарафи навозанда) 58—60 см, тарафи мукобилаш 74—78 см. Пахлухояш 38—40 см. Тахтачубаш дарунхоли, гафсиаш 6 см. Чанг як сурохии резонатори, 72 тори металли ва 72 гушак дорад. Системам каторовозиаш аз 24 вардаи диатоники ва хроматики иборат аст. Чанг сози оркестри ва якканавози ба шумор меравад. Тембри овозаш чарангнок буда, баъзан бо сози кварта чур мешавад.

chang

Мувофики имконияти динамикии (педал) Чанг овоз пасту (пиано) баланд (форте) мешавад. Чангро асосан бо чубчахо менавозанд. Чанг таърихи дурудароз дорад. Мувофики маълумоти маъхазхои кадими хануз дар давраи шумерихо (хазораи 4—3 то м.) ин соз бо шаклу намуди дигар маъмул будааст. Мувофики маълумоти «Шохнома»-и Фирдавси чангнавози хоси Бахроми Гур — Озода хамеша бо Чанги худ дар пахлуи шох будааст ва сухбатхои хоси уро бо садои дилнавози он оро медодааст. Ин асбоб баъдтар бо шакли каме тагйирёфтааш, ки дар асрхои миёна «Шохруд» меномиданд, дар байни халкхои араб номи «конун”-ро гирифтааст. Сафиуддини Урмави (а. 16) ду намуди он (конун ва низха)-ро хотирнишон мекунад. Абдулкодири Марогаи (а. 15) дар китоби худ «Чомеъ-ул-алхон фиил-мусики» оид ба Чанг маълумот додааст, ки ба таърифи имрузаи Чанг монанд аст: Чанги прима, Чанги бас, Ч.-и алт. Чанги прима хоси санъати точикону узбекон буда, Чанги алт хоси санъати мардуми Эрон ва Кавказ (сантур) аст. Чангии бас бештар дар респубикахои Молдавия, Белоруссия ва г. (бо цимбала) маъмул мебошад.

Ад.: В ы з г о Т. С. Музыкальные инструменты Средней Азии, М.. 1980.

И. Рохимов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …