Маълумоти охирин

ФАГФУР

ФАГФУР муарраби багпур, унвонест, ки дар киссаву ривоятхо, достонхои хамоси ва гайра мардуми эронинажод подшохони кадими Чинро ёд кардаанд. Чунон ки маълум аст, шохони Чин худро «писари худо» меномиданд. Эрониён хамчу номро ба забони худ гардонидаанд. Чузъи якуми он аз калимаи «бага» — «худо» ва чузъи дуюмаш аз «путра» — «пусра» — «пур» — «писар», мебошад. Дар ашъори шоирони форс-точик калимаи фагфур бисёр истифода шудааст. Масалан:
Фиристодагон хонд ин анчуман,
Ба наздики фагфуру шохи Хутан.
( Фирдавси).
Агар кайсар в-агар фагфури Чин аст,
Ба гирди хирмани у хушачин аст.
(Чоми).
Дар маснавии Хочуи Кирмони «Хумой ва Хумогон» аз ишки пурмочарои Хумои ховари — писари шох Хушанг ва Хумогон — духтари фагфури Чин сухан меравад.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …