Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «ХУШКОРИҲОИ РИДАКОН»

«ХУШКОРИҲОИ РИДАКОН»

«ХУШКОРИҲОИ РИДАКОН», яке аз асарҳои адабиёти паҳлавист (соли таълифаш номаълум). То замони мо матни позандии он (ниг. Позанд) расидааст, ки тақр. асрҳои 8—9 мураттаб гардидааст. Асар бо ҷумлаи «Ин дастурҳоро устоди дабиристон додааст» шурӯъ мешавад. Сипас, панду андарзҳо, аз қабили субҳгоҳон  аз хоб бархостан, дасту рӯй шустан, ҳангоми омӯзиши дарс бодиққат гӯш додан ба суханони устод, саъю кӯшиш доштан, одоби таомхӯриро риоя кардан, рафтору кирдори некў доштан ва ғ., ки аз хушкориҳои ҳар як ҷавон ба шумор мераванд, оварда шудаанд. Чунин хушкориҳоро зардуштиён ба кўдакони худ аз қадим то ба имрӯз (дар ҷомеаи зардуштиёни шт. Гуҷароти Ҳин­дустон) меомӯзанд. Бо мурури за­мон якчанд асарҳои ба «Xушкориҳои  ридакон» монанд, аз ҷумла нусхаҳои манзуми он низ ба миён омадаанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …