Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 40)

Маданият ва санъат

АБУЛАЙСИ ТАБАРӢ

АБУЛАЙСИ ТАБАРӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 11). Дар зодгоҳаш Табаристон (Эрон) улуми мутадовилаи замонро омӯхта, касби камол карда аст. Тазкиранависон Муҳаммад Авфӣ («Лубоб- ул-албоб»), Ризоқулихони Ҳидоят («Маҷмаъ-ул-фусаҳо») аз маҳорату истеъдоди баландаш дар иншои шеър, махсусан ғазал хабар додаанд. Аз намунаҳои боқимондаи осораш дар тазкираҳову баёзҳо бар …

Муфассал »

ЧИЛҲУҶРА

ЧИЛҲУҶРА, кӯшки мансуб ба асрҳои 5—9, ки 2,5 км ҷанубтари деҳаи Шаҳристони pаёни Уротеппа, вил. Ленинобод воқеъ аст. Чилҳуҷра ҳанӯз аз ох. а. 19 дар илми бостоншиносӣ маълум аст. Солҳои 1961—66 аз тарафи отряди бостоншиносии шим. Тоҷикистон омӯхта шуд. Чилҳуҷра кушки мураббаъ буда, дар болои теппаи баланд аз хишти хом …

Муфассал »

«ЧАҲОРБОҒИ ГУЛҲО»

book-1

«ЧАҲОРБОҒИ ГУЛҲО»  асари Мудаммадобид ибни Мудам-ъмадодили Бухороӣ дар боби табиатшиносист, ки с. 1851 ба заболи тоҷикӣ таълиф шудааст. Он оид ба як қатор набототу ҳайвоноти нисбатан маъмули Осиёи Миёна маълумот медиҳад. «Чаҳорбоғи гулҳо» аз 4 фасл иборат аст. Дар фасли 1-ум анвои гул ва раёҳин, дар фасли 2-юм дарахтони мева …

Муфассал »

«ЧАҲОР УНСУР»

bedil

«ЧАҲОР УНСУР»  асари фалсафии тарҷумаиҳолии Бедил, ки с. 1705 таълиф шудааст. Он аз муқаддима ва чаҳор фасл иборат мебошад. Муқаддима бо ҳамду наът шурўъ шуда, номгўи фаслҳо, маншаъ ва мақсади таҳрири китобро дар бар мегирад. Ҳар як фасл як унсури олами моддиро аз назари муаллиф шарҳу тафсир медиҳад. «Чаҳор унсур» …

Муфассал »

«ЧАҲОР МАҚОЛА»

Низомии Арӯзии Caмaрқадист

«ЧАҲОР МАҚОЛА»  асари Низомии Арўзии Caмaрқадист, ки с. 1156 таълиф шудааст. Аслан «Маҷмаъ-ун-наводир» ном дошт ва ба сабаби аз чаҳор боб иборат будан ҳар яки он ба унвони «мақола» машҳур аст. Дар муқаддима муаллиф дар бораи таквини олам ба равиши таълимоти Абӯалӣ ибни Сино муҳокима меронад. Баъд сухан аз давлатдории …

Муфассал »

«ЧАҲОР ГУЛЗОР»

«ЧАҲОР ГУЛЗОР»  китоби дарсиест дар шарҳи ному тафсили ҳуруфоти алифбои форсӣ (тоҷикӣ) ва тафсири санъатҳои лафзию маънавӣ. Нисорӣ с. 1560 таълиф кардааст. «Чаҳор гулзор» аз чаҳор боб (гулзор) иборат буда, ҳар боб боз ба фаслҳо (гулҳо) ҷудо шудааст. Боби аввал муштамил бар панҷ фасл аст. Дар он тақсиму тафсил ва …

Муфассал »

ЧАҒОНА

nota-2

ЧАҒОНА 1) навъе аз созҳои қадимии мусиқист. Аз чӯби дарозиаш 30—40 см сохта шуда, як тарафи онро сӯрох мекунанд ва чанд зангӯларо ба он меовезанд. Ҳангоми ба харакат даровардан зангўлахо ба ҳам бархӯрда садо мебароранд. Чағона зарбу усули оҳангро дар суръати муайян нигоҳ медорад. Муғаннӣ ба овози чангу чағона. Чи …

Муфассал »

ЧАШМБАНД

chashmband

ЧАШМБАНД, як навъ тӯрпардаи  мӯинаро гӯянд, ки занони мусулмон рўи худро аз номаҳрамон мепӯшанд. Он аввал дар Арабистон, минбаъд дар байни дигар  халқҳои Шарқ, аз ҷумла Осиёи Миёна паҳн гардид.Чашмбандро асосан аз  қили асп мебофтанд; дар баъзе ноҳияҳои Афғонистон тӯри Чашмбандро бо  шаддаи рангин оро медоданд. Барои  парешон нашудави тӯри …

Муфассал »

«ЧАРОҒИ ҲИДОЯТ»

book-5

«ЧАРОҒИ ҲИДОЯТ» фарҳанги тафсирии форсӣ (тоҷикист, ки Орзу с. 1734 таълиф кардааст. «Чароғи ҳидоят» давоми «Сироҷ-ул-луғот» буда, тафсири 981 калима ва 1084 ибораро дар бар мегирад. Воҳидҳои луғавӣ аз рўи ҳарфҳои якум, дуюм ва гоҳо сеюм ҷойгир шудаанд. Дар «Чароғи  ҳидоят» калимаҳои зиёди иқтибосии арабӣ, ҳиндӣ, урду ва туркӣ низ …

Муфассал »