Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «ЧАҲОР МАҚОЛА»

«ЧАҲОР МАҚОЛА»

«ЧАҲОР МАҚОЛА»  асари Низомии Арўзии Caмaрқадист, ки с. 1156 таълиф шудааст. Аслан «Маҷмаъ-ун-наводир» ном дошт ва ба сабаби аз чаҳор боб иборат будан ҳар яки он ба унвони «мақола» машҳур аст.

 Низомии Арӯзии Caмaрқадист
Низомии Арӯзии Caмaрқадист

Дар муқаддима муаллиф дар бораи таквини олам ба равиши таълимоти Абӯалӣ ибни Сино муҳокима меронад. Баъд сухан аз давлатдории мулук оғоз намуда, мегӯяд, ки подшоҳ дар дарбор бояд наздикони шоиста дошта бошад. Чунин шахсони барои подшоҳ зарур дабир, шоир, мунаҷҷим ва табибанд. Тартиб ва унвони мақолаҳо чунин аст: «Дар моҳияти дабирӣ ва кайфияти дабири комил ва он чӣ тааллуқ бад-ин дорад»; «Дар моҳияти илми шеър ва салоҳияти шо­ир»; «Дар илми нуҷум ва ғаробати мунаҷҷим дар он илм»; «Дар илми тиб ва ҳидояти табиб». Ҳар мақола як муқаддимаи назарие, дорад, ки дар бораи заминаҳои илмӣ ва арзиши амалии ҳамон соҳа баҳс мекунад. Пас аз муқаддимаҳои назарӣ барои шарҳи ҳар яке аз онҳо даҳ ҳикоят аз аҳволи бузургони ҳунари дабирӣ, шоирӣ, мунаҷҷимӣ ва табибӣ оварда шудааст. Аз муқаддимоти назарӣ аз ҳама бештар муқаддимаи мақолаи дуввум адли илму адабро ба худ ҷалб намудааст. Дар он аз илми шеър ва зарурату моҳияти шоири сухан меравад. Низомии Арўзӣ дар «Чаҳор мақола» аз зиндагии олимону донишмандон ва шоирони     а-ҳои 10—12 Ҳанзалаи Бодғисӣ, Рӯдакӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ, Муиззӣ, Масъуди Саъди Салмон, Амъақи Бухороӣ, Рашидии Самарқандӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Умари Хайём, Абўалӣ ибни Сино ва диг. лавҳаҳои ҷолиб оварда, эътибори инсонию донишмандии ононро тасдиқ кардааст. «Чаҳор мақола» нисбат ба дигар сарчашмаҳои адабӣ қадимтар буда, арзиши он барои омӯхтани ҳаёту эҷодиёти адибон калон аст. Лекин дар ин ҳикоятҳо аз назари баёни ҳақоиқи таърихӣ ғалати бисёре содир шудааст ва онҳоро бо назари таҳқиқу муқоиса истифода кардан лозим аст. Услуби «Чаҳор мақола» ба равиши насри соддаи а-ҳои 10—11 наздик буда, дар қисмҳои назарӣ зуҳуроти насри                  а. 12—насри маснӯъ ҳам мушоҳида мешавад. Дар он баъзан унсурҳои саҷъ ҳам вомехӯранд.

«Чаҳор мақола» бори аввал (1909) аз тарафи олими машҳури эронӣ Мухаммади Қазвинӣ, с. 1957 ба кӯшиши донишманди дигари эронӣ Муҳаммад Муин ба табъ расид. Ба забонҳои англисӣ ва русӣ тарҷума ва нашр шудааст. Аз ин китоб дар тӯли асрҳо бо ишора ба асл ва гоҳо бе ишора аҳли илму адаб истифода кардаанд.

Ад.: Чаҳор мақола, Д., 1986; Собранно редкостей или Четыре беседы, М., 1969;       X. Шарифов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …