Маълумоти охирин

«ЧАҲОР УНСУР»

«ЧАҲОР УНСУР»  асари фалсафии тарҷумаиҳолии Бедил, ки с. 1705 таълиф шудааст. Он аз муқаддима ва чаҳор фасл иборат мебошад. Муқаддима бо ҳамду наът шурўъ шуда, номгўи фаслҳо, маншаъ ва мақсади таҳрири китобро дар бар мегирад. Ҳар як фасл як унсури олами моддиро аз назари муаллиф шарҳу тафсир медиҳад. «Чаҳор унсур» композицияи муайян ва сюжети ягона надорад. Ҳар як фасли он аз бобҳои зиёде иборат буда, мавзӯъ ва мазмуни мухталифро фаро мегирад. Дар асар тарҷумаи ҳоли муаллиф зимни баёни масъалаҳои ирфонӣ нақл шудааст. Роҷеъ ба афкори фалсафию ирфонии Бедил низ аз «Чаҳор унсур» маълумот гирифтан мумкин аст. Зеро дар он асотир, ҷараёнҳои фалсафию материалистии Ҳиндустони Қадим, Юнон ва ғ. баррасӣ шудаанд.

bedil

Бедил дар «Чаҳор унсур» ба вуҷуд омадани олами кавну фасодро таҳқиқ намуда, бисёр масъалаҳои ахлоқӣ, аз ҷумла хайру шар, кибру ғурур ва сифатҳои ҳамидаи инсониро таҳлил намудааст. Ў ҳамчунин одамонро ба омӯхтани илму фалсафа, назму наср, забон ва ғ. даъват кардааст. «Чаҳор унсур» барои омӯхтани замони Бедил, тарҷумаи ҳол, ҷаҳонбинӣ ва афкори фалсафии ӯ сарчашмаи муҳим мебошад.                   X. Айнй.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …