Маълумоти охирин
Главная / Илм (страница 170)

Илм

БОР Ниле Ҳенрик Давид

niels_bohr

БОР Ниле Ҳенрик Давид (7.10.1885, Копенгаген, Да­ния – 18.11.1962, ҳамон ҷо), физик-назарияпардоз ва ходими ҷамъиятии даниягӣ, яке аз асосгузорони физикам муосир. Хатмкардаи Университети Копенгаген (1908). Солҳои 1911-12 дар Кембриҷ бо Ҷ. Ҷ. Томсон ва дар Манчестер бо Э. Резерфорд кор кардааст. Профессори Университети Копенга­ген (1916). Бор ҳамчун асосгузори назарияи квантии …

Муфассал »

БОР

bor

БОР (лот. Borum), В, унсури кимиёии гурӯҳи III ҷадвали даврии Менделеев; рақами тартибиаш 5, массаи ат. 10,811. Соли 1808 олимони фаронсавӣ Ж. Гей-Люссак ва Л. Тенар кашф кардаанд. Бори табиӣ аз ду изотоп – 10В (19%) ва 11В (81%) иборат аст. Бор 3*10-4  дарсади массаи қишри заминро ташкил медиҳад. Моддаи …

Муфассал »

БОПП Франс

bopp-frans

БОПП Франс (14.9.1791, Майнс, Олмон – 23.10.1867, Берлин), забоншиноси олмонӣ, профессори Донишгоҳи Берлин (1821-64), узви АИ Пруссия (аз соли 1822). Асосгузори пажӯҳиши муқоисавӣ-таърихии забонҳои ҳиндуаврупоӣ ва забоншиносии муқоисавӣ. Дар оғоз ба омӯзиши сан­скрит даст зада, сохтори калимаро дар ин забон таҳқиқ кард. Хулосаҳояшро дар китоби «Доир ба тасриф дар забони …

Муфассал »

БОНЧКОВСКИЙ Флавий Николаевич

images

БОНЧКОВСКИЙ Флавий Николаевич (23.10.1909, Барнаул, Руссия -1987, шаҳри Симферопол, Украина), гидро­мелиоратор, доктори илмҳои кишоварзӣ (1963), Ходими хидматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон (1964). Хатмкардаи Институти гидромелиоратсияи шаҳри Маскав (1937). Фаъолияти илмиашро ба сифати ассистенти донишкадаи мазкур оғоз кардааст. Соли 1940 ба Тоҷикистон омад. Муаллими калон, дотсент, мудири кафедраи геодезия ва мелиоратсия (1947— …

Муфассал »

БОНЧ-БРУЕВИЧ Владимир Димитриевич

vladimir_bonch-bruyevich

БОНЧ-БРУЕВИЧ Владимир Димитриевич (28.6.(10.7) 1873-14.7.1955), ходими давлатӣ ва сиёсии Руссия, доктори илмҳои таърих. Соли 1892 Омӯзишгоҳи заминсозии Курскро хатм намуд. Аз соли 1895 ба ҳаракати сотсиал-демократӣ пайваст ва ба чопи як қатор нашрияҳои болшевикӣ пардохт. Дар солҳои 1898—99 ба мавҷи ҳаракати тариқатгароии зидди православӣ аз Қафқоз ва Канада иштирок дошт. …

Муфассал »

БОНИФИКАТСИЯ

bonifikatsiya

БОНИФИКАТСИЯ (фаронсавӣ bonification, лотинӣ bonus – раҳмдил, хуб), а) баргардондани андозҳои аз молҳои содиротӣ ситонидашуда (ба ҷониби содиркунанда) бо мақсади баланд бардоштани рақобатпазирӣ дар бозори беру­на (ҷаҳонӣ); б) изофапардохт ба нархи моли дар қарордод муқарраргардида, агар сифати он баландтар аз сифати шартӣ бошад; в) пардохти якдафъаинаи соҳибони вом (заём) ҳангоми …

Муфассал »

БОНИТИРОВКА

bonitirovka

БОНИТИРОВКА (аз лотинӣ bonitas – хушсифатӣ), 1) баҳодиҳии қиёсию сифатӣ ба хок чун воситаи истеҳсолоти кишоварзӣ ва ҷангалдорӣ. Бонитировка бо нишондодҳои миқдорӣ ифода ёфта, асоси онро хосияти хок ва дараҷаи ҳосилхезӣ ташкил медиҳад. Ҳангоми Бонитировка хосияти хок (ғафсии қабати гумус, ғурӯшанокӣ, порухок, моддаҳои ғизоӣ, карбонатҳо, реаксияи муҳит, хосиятҳои физикӣ, шӯрӣ, …

Муфассал »

БОНИСТИКА

bonistika

БОНИСТИКА (фаронсавӣ bonistigue), илми ёрирасони фанни таърих, ки пули коғазӣ ва бонҳои аз гардиш баромадаро ҳамчун санади таърихии инъикоскунандаи вазъи иқтисодӣ ва сиёсии ҷомеа меомӯзад. Бонистика дар оғози асри 20 ба вуҷуд омада, бо нумизматика робитаи зич дорад.

Муфассал »

БОНАПАРТИЗМ

bonapartizm

БОНАПАРТИЗМ, сиёсатест, ки дар натиҷаи буҳрони сиёсии ҷомеа яке аз гурӯҳҳои қудратгалаб вазъи баамаломадаро истифода намуда, бо ёрии артиш ё нерӯҳои низомии дигар ҳокимиятро соҳиб мешавад. Сараввал истилоҳи Бонапартизм барои ифодаи диктатураи ҳарбии Наполеон Бона­парт ва Луи Бонапарт истифода шуда, дертар маънии фарохтари сиёсати эътимодбахши ҳарбиеро гирифт, ки дар миёни …

Муфассал »

БОНАПАРТИЁН

bonapart

БОНАПАРТИЁН (фаронсавӣ Bonaparte, итолиёӣ Buonaparte), сулолаи императорони фаронсавӣ, ки Наполеони I Бонапарт (соли 1804) асос гузоштааст. Насли Бонапартиён аз Флоренсия ибтидо гирифта, соли 1529 ба Корсика кӯч мебанданд; аз насл ба насл суду адвокат будаанд. Соли 1757 падари асосгузори сулола Карло Мариа Бонапарт унвони дворянӣ (ашрофӣ) гирифтааст. Намояндагони сулолаи Бонапарт …

Муфассал »