Маълумоти охирин
Главная / Илм (страница 180)

Илм

Оссиллятор

ossillytor

Оссиллятор (аз лотинӣ oscillo — мелаппам), системаи физикаи лаппандаро гӯянд. Системам механикие, ки дар наздикии нуқтаи мувозинат мелаппад, Оссиллятори классикӣ ном гирифтааст. Агар энергияи потенсиалии Оссиллятор ба квадрати тамоил аз вазъияти мувозинат (ин ҳолат дар мавридҳои лаппишҳои хурд ҷой до­рад) мутаносиб бошад, онро Оссиллятори мавзунӣ (гармоникӣ) меноманд. Мафҳуми Оссилляторро дар …

Муфассал »

Осур

Осур (ар. — фишурдашаванда), бемориеро гӯянд, ки шахси ба он гирифтор ҳангоми бедорӣ дар са­ри синааш сузиш ва вазнинӣ ҳис мекунад.

Муфассал »

Остеосинтез

osteosintez

Остеосинтез (аз остео… ва синтез — часпонидан), ҷарроҳиест, ки дар он шикастапораҳои устухонро (ҳангоми шикасти устухон) бо лавозимоти махсус (мех, винт, лавҳачаҳои устухонӣ) мепайванданд.

Муфассал »

Остеопороз

osteoporoz

Остеопороз (аз остео… ва юнонӣ рогоз — сурохӣ, масона), тунукшавии қабатҳои исфанҷӣ ва қишрии устухонро гӯянд. Остеопороз дар натиҷаи қисман ҷаббида шудани моддаҳои устухон (аксаран ҳангоми пиронсолӣ, шикастани устухон, полиомие­лит, остеомиелит, илтиҳоби буғумҳо» Заҳролудшавӣ ва ғайра) ба амал меояд. Остеопорозро бо усули рентгенологи ошкор менамоянд. Остеопороз баъди муолиҷаи бемориҳои асосӣ …

Муфассал »

Остеомиелит

osteomielit

Остеомиелит (аз остео… ва юнонӣ myelos — мағз), просесси газакги-рандаю сирояткунандаест, ки аввал як қисми мағзи устухон ва сонӣ унсурҳои бофтаҳои устухонро фаро ме­гирад. Остеомиелит ду хел мешавад; ғ а й р и  м а х с у с (коккҳои фасодовар ва баъзан бактерияҳои рӯда ба вуҷуд меоранд) ва махсус …

Муфассал »

Остеомалясия

osteomalysiya

Остеомалясия (аз остео… ва юнонӣ malacia — нармӣ, сустӣ), бемо­рии бофтаҳои устухон, ки боиси нарм гаштан ва шаклан тағйир ёф­тани устухон мегардад. Остеомалясия дар одам (аксар вақт дар занҳо ҳангоми ҳомиладорӣ) ва ҳайвон дар натиҷаи вайрон шудани мубодилаи минерали (масалан ҳангоми норасоии намакҳои калсию кислотаи фосфат ва витамини Д дар …

Муфассал »

Остеология

osteologiya

Остеология (аз остео… ва …логия), як қисми анатомияро гӯянд, ки скелети устухониро меомӯзад. Аввалин маълумот оид ба устухонҳо дар асарҳои Буқрот зикр шудааст. – Ташаккул ва тараққиёти Остеология баъди дар амал ҷорӣ шудани усули чок карда омӯхтани ҷасади мурда, техникаи гистологӣ ва (микроокопияи устухонҳо, усули тадқиқи рентгенӣ ва ғайра сурат …

Муфассал »

Асари «Осор-ул-боқия»

abu-rayxan-beruni

«Осор-ул-боқия» авваллин асари калонҳаҷми Абу райҳони Берунӣ, ки соли 1000 ба забони арабӣ навишта шудааст. «Осор-ул-билод ва ахбор-ул-ибод.» ба амири Гургон Шамсулмаолӣ Қобус бо унвони «Ал-осор-ул-боқия ва ана-л-қурун-ил холия» таълиф ёфта, бо номи «Осор-ул-боқия» маъмул аст. Мундариҷап «Осор-ул-билод ва ахбор-ул-ибод»-ро (масъалаҳои баҳси олимони машриқзамин оид ба пайдоиши олам, ҳаёт, назари …

Муфассал »

Асари «Осор-ул-билод ва ахбор-ул-ибод»

«Осор-ул-билод ва ахбор-ул-ибод» асари таърихию ҷуғрофии муаррихи форс- тоҷик Закариёи Қазвинӣ, ки соли 1275 ба забони арабӣ таълиф шудааст. «Осор-ул-билод ва ахбор-ул-ибод» аз сарсухан, се муқаддимаи назарӣ ва ҳафт боб иборат аст. Муқаддимаи якум аз сабабҳои ба вуҷуд омадани ҷамъияти инсонӣ, сохти ҷамъият, истеҳсолот ва пайдо шуда- ни шаҳрҳо, пойтахҳо, …

Муфассал »

Осмос

osmos

Осмос (юнонӣ osmos — такой, фишор), диффузия модда (одатан моддаи ҳалкунанда)-ро аз мембрана (парда)-и нимгузаронандае гӯянд, ки маҳлул ва ҳалкунандаи тоза ё ду маҳлули консентрасияашон гуногунро аз ҳам ҷудо мекунад. Мембранаи нимгузаронанда саддест, ки молекулаҳои хурди ҳалкунандаро аз худ гузаронида, молекулаҳои калонтарини моддаи ҳалшударо дошта мемонад. Фақат дар сурати диффузияи …

Муфассал »