Маълумоти охирин
Главная / Илм (страница 182)

Илм

Парадигма

paradigma

Парадигма (аз юн. рparadeigma— намуна, мисол), системаи шаклҳои мухталифи як калима, ки шакливазкунии онро аз рӯи категорияҳои грамматикии ба он хос (аз рӯи ҷинс, шумора, падеж тағйир ёфтани исмҳо; шахсу шумора дар феълҳо) ифода менамояд; нақши (сурати) тағйирёбии калима мувофиқи категорияҳои грамматикӣ — тасрифи исмҳо, таорифи феълҳо. Шаклҳои воҳидҳои забон …

Муфассал »

Параболоидҳо

paraboloidho

Параболоидҳо (аз  парабола ва юн. eidos — шакл, намуд), сатҳҳои номаҳдуди тартиби дуюм, ки марка надоранд. Ду намуди Параболоидҳо вуҷуд дорад; Параболоидҳои эллипсӣ ва параболоиди гиперболӣ. Аз 5 навъи асосии сатхҳои тартиби дуюм дутоаш Параболоидҳо мебошад. Хат­ҳои буриши Параболоидҳо бо ҳамвориҳои гуногуни фазо гипербола, парабола ва хатҳои рост мебошанд. Аз …

Муфассал »

Парабола

parabola

Парабола (юн. рагаЬоlе — наздикшавӣ), хати бурияши конуси мудаввар ва ҳамворие, ки ба ягон ҳамвории ба ҳамии копус расанда параллел аст (расми 1). Дар математи­ка чунин таърифи Парабола бештар маълум аст: Парабола ҷои геомет­рии нуқтаҳои ҳамворӣ мебошад (расми 2), ки аз нуқтаи ба истилоҳ фокус (Г) ва аз хати роста …

Муфассал »

Папирусҳои математикӣ

papirushoi_matematiki

Папирусҳои математикӣ, ёдгориҳои илмии Мисри Қадим, ки ба асрҳои 21—18 то мелод мансубанд. Маъмултарини Папирусҳои математикӣ папируси Ринд (дар музеи Британия) ва папируси Москва (дар Музеи санъати тасвирии ба номи А. С. Пушкин) аст. Папируси Риндаз номи со­ҳиби он — мисршинос А. Ринд (Rhind) бори аввал аз тарафи ма­тематики немис …

Муфассал »

Папиллома

papilloma

Папиллома (аз лот. раilla — нӯки пистон ва юн. оmа — суффикси мансуб ба номҳои варам), як навъ вара мест, ки дар рӯи пӯст ва баъзан пардаи луобии одам ва ҳайвон пайдо мешавад. (Табиатан аз варами саратон фарқ, дорад). Афзунии Папилломаро папилломатоз меноманд. Папиломаии одам модарзодӣ шуданаш мумкин. Як қатор …

Муфассал »

Панҷа

panja

Панҷа, қисми интиҳоии дасту пои одам. Панҷа даст ва пой ҳар кадом аз се қисм иборат аст: сарпанҷа, каф ва ангуштон. Скелети даст аз ду қатор устухонҳои кӯтоҳи сарпанҷа, ки З-тояшон ба банди даст пайваст мешаванд, устухонҳои кафи даст ва устухонҳои ангуштон ташкил ёфта­аст. Панҷаро мушакҳои банди даст ба ҳаракат …

Муфассал »

Панфиловчиён

panfilovchiyon

Панфиловчиён, аскарони дивизияи тирандозии 316-ум, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945) корнамоӣ кардаанд. Дивизия (командираш генерал-майор Й. В. Пан­филов) июл-августи 1941 дар Алмаато аз собиқ полкҳои 1073, 1075 ва 1077- уми тирандозӣ ва 857-уми артиллерӣ фароҳам омад. Охирҳои август ба ҳайати армияи 52-юми фронти Шимолию Ғарбӣ дохил шуд. 7—10 …

Муфассал »

Панкреатит

pankreatit

Панкреатит (аз юв. pankreas — ғадуди зери меъда), газаки ғадуди зери меъда. Панкреатит ду хел мешавад: ша­дид ва музмин. Хелҳои зерини Панкриатити шадид маълуманд; хунрав, некрозӣ, фасодӣ ва ғайра. Панкреатити шадид аз таъсири микробҳои гуногун сар мезанад. Дар натиҷаи аз меъер зиёд хӯрок хурдан, бемориҳои меъдаю рӯдаи дувоздаҳаи гӯштӣ ва …

Муфассал »

Панзоотия

panzootiya

Панзоотия (аз юн. Рan…  ҳама ва zoon – ҳайвон), баландтарин дарачан шиддати просесси эпиэоотиест, ки боиси васеъ паҳн ва босуръат ба касалӣ гирифтор шудани ҳайвонот дар як ё якчанд мамлакату қитъа мегардад. Панзоотия хоси касалиҳоест (оқсил, вабои хук, касалии Нюкасл, вабои парранда ва ғайра), ни дараҷаи баланди сироятӣ, давраи кӯтоҳи …

Муфассал »

Пандномаи 3ардӯшт

zardusht

«Пандномаи 3ардӯшт» [но­ми дигараш ба забони паҳлави «Ч и- докандарзипаредкешон »— «Чидаҳои (мунтахаби) андарзҳои доноёни пешгузаштаи дин»], яке аз ёдгориҳои адабиёти паҳлавӣ, пандномаест аз таълифоти Зардушт — писари Озарбади Маураспандон. Тақрибан дар асрҳои 4—5 иншо шудааст. «Пандномаи 3ардӯшт» чунон ки аз ҷумлаҳои аввалинаш бармеояд  дастуре буд оид ба асосҳои зардуштия …

Муфассал »