Маълумоти охирин

БОР

borБОР (лот. Borum), В, унсури кимиёии гурӯҳи III ҷадвали даврии Менделеев; рақами тартибиаш 5, массаи ат. 10,811. Соли 1808 олимони фаронсавӣ Ж. Гей-Люссак ва Л. Тенар кашф кардаанд. Бори табиӣ аз ду изотоп – 10В (19%) ва 11В (81%) иборат аст. Бор 3*10-4  дарсади массаи қишри заминро ташкил медиҳад. Моддаи беранги кристаллии сахт буда, хосияти нимноқилӣ дорад. Ҳарорати гудозишаш 2075°С, ҳарорати ҷӯшишаш 3700°С, зиҷиаш 2,31-2,35 г/см3. Бор тақрибан дар таркиби 80 минерал, масалан, бура, кернит, боратсит, улексит, колеманит ва ғайра мавҷуд аст. Конҳои маъдани Бор дар Руссия, Қазоқистон, ИМА, Перу, Аргентина ва Туркия воқеанд. Дар ҳолати кристаллӣ ва аморфӣ дучор меояд. Бор дар аксари пайвастҳояш севалента буда, таҳти ҳарорат бо нитроген, оксиген, хлор, бром, сулфур ва дигар унсурҳо пайваст мешавад. Оксиди Бор — В2О3 моддаи намкаш буда, бо об кислотаи сусти ортоборат ҳосил мекунад. Дар натиҷаи гудозиши Бор бо филиззот боридҳо ба вуҷуд меоянд. Бориди филиззот дар ҳарорати 2000-3000°С устувор аст. Ин имкон медиҳад, ки онҳоро ҳангоми сохтани қисмҳои турбинаҳои газӣ, муҳаррики самолёт, асбобҳои электронӣ истифода баранд. Аз реаксияи кислотаҳо бо бориди филиззот пайвастҳои гидрогении Бор, яъне, боранҳо ҳосил мешаванд. Боранҳо моддаҳои бадбӯй ва заҳрнок буда, аз ҷиҳати сахтӣ ба алмос наздиканд. Дар саноат барои дар муқобили соиш ва ҳарорат устувор намудани хӯлаҳои филиззоти ранга ва сиёҳ ба таркиби онҳо Бор илова менамоянд. Кислотаи ортофосфат дар тиб, саноати консерв, рангу эмалҳо истифода мешавад. Бор дар саноати шиша, чармгарӣ, истеҳсоли матоъ ба кор меравад. Бор ҳамчун микроунсур барои рушди рустаниҳо аҳаммияти бузург дорад. Дар хоке, ки миқдори Бор кам аст, ҳосил паст мешавад. Аз ин сабаб ҳангоми норасоии Бор ба хок кислотаи ортоборат, суперфосфати бордошта ва ғайра илова мекунанд. Дар тар­киби хок аз меъёр зиёд будани Бор (беш аз 1*10-3%) боиси бемориҳои ҳайвонот мегардад; меъёри чоизи Бор дар тар­киби рустаниҳо то 1*10-4% аст.

Адабиёт: Популярная библиотека химических элементов. Т. I. Москва, 1983; Идрисов Т. Кимиёи аносир. Душанбе, 2004.

Т. Идрисов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …