Маълумоти охирин
Главная / Илм / БОНЧКОВСКИЙ Флавий Николаевич

БОНЧКОВСКИЙ Флавий Николаевич

imagesБОНЧКОВСКИЙ Флавий Николаевич (23.10.1909, Барнаул, Руссия -1987, шаҳри Симферопол, Украина), гидро­мелиоратор, доктори илмҳои кишоварзӣ (1963), Ходими хидматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон (1964). Хатмкардаи Институти гидромелиоратсияи шаҳри Маскав (1937). Фаъолияти илмиашро ба сифати ассистенти донишкадаи мазкур оғоз кардааст. Соли 1940 ба Тоҷикистон омад. Муаллими калон, дотсент, мудири кафедраи геодезия ва мелиоратсия (1947— 49), ноиби ректор оид ба илм (1949-53), мудири кафе­драи геодезия ва мелиоратсияи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (1954-56), корманди Институти таҳқиқоти илмии хокшиносӣ (1956-57) буд. Баъдан фаъолияти илмию педагогиашро дар Институти хоҷагии қишлоқи Қрим (Украина; 1965) идома додааст. Оид ба хусусиятҳои гидротермии ҳаво ва хок, роҳҳои мубориза бо обшӯй шудани замин, таъсири боронгарӣ ба қабати болоии замин, усулҳои беҳтари обёрии зироат ва ғайра як силсила пажӯҳишҳо анҷом додааст.

Осор: Наносы Вахшской ирригационной системы и борьба с ними. Сталинабад, 1948; Влияние системы поливов на жизненную среду хлопчатника в Средней Азии. Сталинабад, 1949; Поливные режимы хлопчатника в условиях Таджикистана. Сталинабад, 1957; О зимних поливах. Сталинабад, 1960; Изучение гидротермических характери­стик воздуха и почвы на хлопковой делянке. Душанбе, 1963.

Ё. Назармамадов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …