Маълумоти охирин
Главная / Илм / БОНАПАРТИЗМ

БОНАПАРТИЗМ

bonapartizmБОНАПАРТИЗМ, сиёсатест, ки дар натиҷаи буҳрони сиёсии ҷомеа яке аз гурӯҳҳои қудратгалаб вазъи баамаломадаро истифода намуда, бо ёрии артиш ё нерӯҳои низомии дигар ҳокимиятро соҳиб мешавад. Сараввал истилоҳи Бонапартизм барои ифодаи диктатураи ҳарбии Наполеон Бона­парт ва Луи Бонапарт истифода шуда, дертар маънии фарохтари сиёсати эътимодбахши ҳарбиеро гирифт, ки дар миёни гурӯҳҳои қудратталаб моҳирона амал намуда, ҳокимиятро ба даст меорад. Бонапартизм усулан сиёсатест, ки дар байни манфиатҳои иҷтимоӣ ва сиёсии гурӯҳҳо амал на­муда, ҳар гуна оппозитсияи сиёсиро ва диққати мардумро аз масъалаҳои дохилию берунӣ ба сиёсати экспансионистӣ ҷалб менамояд. Мафҳуми Бонапартизм аз насабу сиёсати қудратталабии Наполеон Бонапарт гирифта шуда бошад ҳам, ин гуна ҳодисаҳо дар таърих борҳо то замони Напо­леон рӯй додаанд. Дар илм чунин рӯйдодҳоро бо мафҳуми «сезаризм» низ ифода намудаанд, ки сухан аз боби ба қудрат расидани сарлашкари машҳури румӣ Юлий Сезар меравад. Бонапартизм ҳамчун ҷараёни сиёсӣ асосан манфиатҳои буржуазияи ҳукмронро ифода менамуд. Буржуазия дар натиҷаи буҳрони шадид ва вазъи ногувори ҷомеа ҳокимияти хешро ба диктатураи ҳарбӣ месупорид, ки он усули шакли монархияи номаҳдуд буда, арзишҳои демократиро бо ном нигоҳ медорад, вале асосан ба зӯроварӣ ва нерӯи артиш такя менамояд. Бонапартизм ҳамчун қудрати идорӣ дар фаъолияти худ хусусиятҳои генезиси инқилобӣ ва моҳияти иртиҷоиро фароҳам меорад. Аз он хотир Бонапартизм пайдоиши инқилобгароӣ дошта, ҳамзамон кӯшиши таҷассуми монархияи иҷтимоиро менамояд ва ба боварию пуштибонии доираи васеи мардум такя мекунад. Беҳуда нест, ки Бонапартизм чун низоми сиёсӣ дар ҳалли мушкилоту монеаҳои ҷомеа бештар ба фазлфурӯшию суханпардозӣ такя мекунад.

Дар шароити кунунии инкишофи таърихӣ таҳти мафҳуми Бонапартизм диктатураҳои ҳарбие ифода мешаванд, ки ба ҳукм­ронии ҳизбӣ ва ғояҳои идеологӣ вобастагӣ доранд (масалан, диктатураи Пиночет дар Чили). Яке аз шаклҳои Бонапартизм фашизм ба шумор меравад, ки аз рӯйи мазмуну моҳият ва пайгирии низоми иҷтимоӣ ба ҳамдигар қаробат доранд.

Адабиёт.: Политология: энциклопедический словарь / Общ. ред. и сост.: Ю.И. Аверьянов. Москва, 1993; Маркс К. Восемнадцатое брюме­ра Луи Бонапарта// Маркс К. и Энгельс Ф. Соч. 2 изд. Т. 8; Энгельс Ф Действительные причины относительной пассивности француз­ских пролетариев в декабре прошлого года// Соч. 2 изд. Т. 8; Ҳамон. Роль насилия в истории//Соч. 2 изд. Т. 21; Ленин В. И., Об оценке текущего момента//Полн. собр. соч. 5 изд. Т. 17; Ҳамон. Начало бонапартизма// Полн. соб. соч. 5 изд. Т. 34; Ҳамон, За деревьями не ви­дят леса// Полн. соб. соч. 5 изд. Т. 34.

Г. Зокиров.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …