Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 78)

Гуногун

УБАЙДУЛЛОҲИ САМАРҚАНДӢ

УБАЙДУЛЛОҲИ САМАРҚАНДӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), олим ва фақеҳи тоҷик (асри 16). Дар Самарқанд таваллуд шудааст. Бино ба маълумоти «Музаккир-ул-аҳбоб» аксари илмҳои расмии замонашро аз бар кардааст. Аз ӯ «Сироҷ-ус-соликин ва латоиф-ул- орифин» ном асаре боқӣ мондааст, ки аз муқаддима, ҳашт боб ва хотима иборат мебошад. Китоб ба фаъолияти …

Муфассал »

УБАЙДИ ЗОКОНӢ

u-zokoni

УБАЙДИ ЗОКОНӢ Убайдуллоҳ мулаққаб ба Хоҷа Низомуддин (1270 ё 1280, деҳаи Зокони назикии Қазвин—1371, Шероз), шоир ва насрнависи форс-тоҷик. Давраи ҷавонӣ ва таҳсилоти ибтидоии худро дар Қазвин гузаронида, сипас барои идомаи таҳсил ба Бағдод рафт. Баъд ба зодгоҳаш омад, вале аз рӯи нодорӣ маҷбур шуд ба хиамати ҳукмрони Бағдод бозгардад. …

Муфассал »

УБАЙД РАҶАБ

u-rajab

УБАЙД РАҶАБ (таваллуд 15. 5. 1932, деҳаи Нишоти раёни Панҷакент), шоири советии тоҷик. Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз соли 1955. Институти давлатии педагогии Душанберо хатм кардааст (1954). Солҳои 1954—61 ходими адаби ва мудири шӯъбаи ғазетаи «Пионери Тоҷикистоя», ходими адабии журнали «Машъал», мудири шӯъбаи газетаи «Комсомоли Тоҷикистон», 1961—79 мудири шӯъба …

Муфассал »

УАТТ Ҷёймс

watt-j

УАТТ Ҷёймс (19. 1. 1736, Гринок, Шотландия —19. 8. 1819, Хитфидд, Англия), ихтироъкори алглис, мухтареи мошини буғии универсалӣ, аъзои Ҷамъияти шоҳии Лондон (1785). Солҳои 1774—84 мошини буғии диаметри силиндраш 16 см-ро сохт. Вай аввалин бор мафҳуми қувваи аспро дар техникаҷорӣ кард. Мошини буғии Уатт барои ба истеҳсолоти мошинӣ гузаштан нақши …

Муфассал »

«ТӮҲФАТ-УТ-ТАВОРИХИ ХОНӢ»

«ТӮҲФАТ-УТ-ТАВОРИХИ ХОНӢ» асари таърихии муаррихи асри 19-и тоҷик Муллоивод Муҳаммад ибни Рӯзимуҳаммади Аттор, ки ба таърихи шаҳри Фарғона ва хонии Хӯқанд оид аст. Асар ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст. «Тӯҳфат-ут-таворихи хонӣ» аз воқеаҳои солҳои ҳукмронии Заҳируддини Бобур оғоз ёфта, бо воқеаҳои соли 1866 анҷом мегирад. Муаллиф дар навиштани он аз …

Муфассал »

«ТӮҲФАТ-УС-САОДАТ»

«ТӮҲФАТ-УС-САОДАТ» фарҳанги тафсирии форси-тоҷикист, ки Маҳмуд ибни Шайх Зиёуддин Муҳаммад соли 1511 таълиф кардааст. Дар муқаддима ба султон Сикандари Лудӣ (ҳукмронӣ 1489—1517) қасидае бахшида шудааст. Аз ин рӯ, баъзан бо номи «Тӯҳфат-ус-саодат»-и Сикандарӣ низ ёд шудааст. Муаллиф дар таълифи асар аз 11 фарҳанги тафсирии форсӣ-тоҷикӣ ва 5 фарҳанги арабӣ истифода …

Муфассал »

«ТУҲФАТ-УС-СУРӮР» – «Рисолаи мусиқӣ»

«ТУҲФАТ-УС-СУРӮР» «Рисолаи мусиқӣ», асари мусиқиест, ки Дарвешалии Чангӣ таълиф кардааст: аз 12 боб ва хотима иборат аст. Бобҳои 1-уму 2-юм шарҳи луғавии мусиқӣ, мавқеи он дар ҳаёти ҷамъияти ва хизмати мусиқидонони машҳурро дар ин соҳа дар бар гирифтааст. Боби 3-юм дар бораи мақомҳо ва таърихи он, шӯъбаҳо маълумот дода, аз …

Муфассал »

«ТӮҲФАТ-УЛ-ҲАБИБ»

«ТӮҲФАТ-УЛ-ҲАБИБ» яке аз калонтарин ва қадимтарин радоифулашъорҳост, ки Фахрии Ҳиравӣ соли 1522 таълиф кардааст. Аз маҷмӯи ғазалҳои истиқболӣ фароҳам омадааст, ки шоирони асрҳои 15— 16 ба ғазалҳои шуарои мутааххирин ва муосирини худ гуфтаанд. Ғазалиёт ба тартиби алифоои арабӣ аз рӯи радифашон ҷой дода шудаанд. «Тӯҳфат-ул-ҳабиб» сарчашмаи муҳим доир ба адабиёти …

Муфассал »

«ТӮҲФАТ-УЛ-МУЪМИНИН»

«ТӮҲФАТ-УЛ-МУЪМИНИН»маҷмӯаест доир ба тибби қадим, ки Мирмуҳаммад Мӯъмини Танкобунӣ таълиф карда, аз панҷ қисм иборат аст. Қисми аввал дар бораи сабабҳои ихтилофи қавли табибон дар моҳият, табиат, дараҷот ва қувваи давоҳои муфрада баҳс мекунад. Қисми 2-юм ба баёни сифати давоҳои муфрада оид аст. Дар қисми 3- юм зиёда аз 2700 …

Муфассал »

«ТӮҲФАТ-УЛ-МАЪСУМИН»

«ТӮҲФАТ-УЛ-МАЪСУМИН» асари тиббиест, ки Солеҳ ибни Муҳамммадсолеҳи Қандаҳорӣ таълиф намудааст. Аз муқаддима ва ду боб иборат аст. Муқаддимаи асар дар маърифати обу ҳаво ва маскану истиқророти ҳайвоноти ваҳшӣ ва кулли ашёи муфрада, чидани он аз табиат ва тайёр кардани дору баҳс мекунад. Боби аввал масъалаи безурётӣ, тадбири ҳомилагӣ ва бемориҳои …

Муфассал »