Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТУҲФАТ-УС-СУРӮР» – «Рисолаи мусиқӣ»

«ТУҲФАТ-УС-СУРӮР» – «Рисолаи мусиқӣ»

«ТУҲФАТ-УС-СУРӮР» «Рисолаи мусиқӣ», асари мусиқиест, ки Дарвешалии Чангӣ таълиф кардааст: аз 12 боб ва хотима иборат аст. Бобҳои 1-уму 2-юм шарҳи луғавии мусиқӣ, мавқеи он дар ҳаёти ҷамъияти ва хизмати мусиқидонони машҳурро дар ин соҳа дар бар гирифтааст. Боби 3-юм дар бораи мақомҳо ва таърихи он, шӯъбаҳо маълумот дода, аз ҷиҳати банду баст ба «Рисолаи мусиқӣ»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ шабоҳат дорад. Бобҳои 4-уму 5-ум ба ҳафтдаҳ зарби маъмули мусиқӣ ва бисту чор усул оид аст. Боби 6-ум дар хусуси асбобҳои мусиқии зарбӣ, торӣ ва нафасӣ маълумот медиҳад. Бобҳои 7-ум ва 8- ум доир ба олимону шоирон ва донишмандоне, ки дар пешрафти мусиқии амалию назарӣ саҳм гузоштаанд, ахборот медиҳанд. Бобҳои 9- уму 10-ум оид ба устодони бузурги давраҳои гуногун, осори онҳо, марказҳои маданӣ, мактабҳои мусиқӣ ва ғайра хабар медиҳанд. Дар бобҳои 11-уму 12-ум мусиқии касбӣ, халқӣ ва ҳунари санъаткорони дарбор баррасӣ шудаанд. Хотимаи асар масъалақои тарзи ба ҷо овардани осори мусиқӣ ва завқи бадеии шунавандаро дар бар мегирад. Нусхаҳои гуногуни он дар китобхонаҳои бузурги мамлакат мавҷуд аст. А. Раҷабов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …