Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 67)

Гуногун

ФАЙЗИИ КОСОНӢ

ФАЙЗИИ КОСОНӢ Амир Дарвешмуҳаммади Косонии машҳур ба Подшоҳи Шерозӣ (1500—1597), шоири тоҷик. Донишманди улуми қофияву муаммо будааст ва дар ин боб рисолаҳо доштааст. Аз осораш ғазалҳо (масалан, дар тазкираи Мутрибӣ) ва абёти пароканда боқист. Намунае аз шеъри Файзии Косонӣ. Дил агар дорад ҳавои он бути паймонгусил, Боядаш зуннор бастан, то …

Муфассал »

ФАЙЗИИ ДАКАНӢ

ФАЙЗИИ ДАКАНӢ Шайх Абулфайз ибни шайх Муборак (1547, Аграи Ҳиндустон —1597, ҳамон ҷо), шоир, олим ва тарҷумони форсизабони Ҳиндустон. Файзии Даканӣ хеле барвақт хондану навиштанро омӯхта, бо роҳбарии падараш дар 14-солагӣ илмҳои асосии даврро аз худ намудааст. Дар 20-солагӣ ба хизмати дарбор даромад. У садорати якчанд вилоятҳоро ба ӯҳда дошт. …

Муфассал »

ФАЙЗИИ БАЛХӢ

ФАЙЗИИ БАЛХӢ таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 16). Дар Балх ба дунё омада, дар Машҳад нашъунамо ёфтааст. Дар ҷавонӣ боре ба Ҳинд сафар кард. Сарфу наҳв, арӯзу қофия ва муамморо ба хубӣ медонист. Девоне иборат аз қасоиду ғазалиёт, қитаоту рубоиёт ва таърихҳо, ин чунин маснавие доштааст. Намунаҳои осораш …

Муфассал »

ФАЙЗИЕВ Абдулҳақ Раҷабович

ФАЙЗИЕВ Абдулҳақ Раҷабович (таваллуд 15. 3. 1938, деҳаи Ёрии раёни Панҷакент), геологи советӣ, доктори илмҳои геология ва минералогия (1982), профессор (1983). Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст. (1959). То соли 1960 геологи Экспедисияи ҷануби Тоҷикистон буд. Аз соли 1960 ассистенти кафедран минералогия ва петрографияи Университети Давлатии …

Муфассал »

Аҳмади Файз

ФАЙЗ Аҳмади Файз (1911, шаҳри Сиёлкути музофоти Панҷоб —1985), шоир, мунаққид ва арбоби ҷамъиятии Покистон. Ба забони урду менавишт. Аз оилаи ҳуқуқшинос. Солҳои зиёд дар газетаҳои «Покистон таймс», «Имрӯз» ва газетаи ҳафтаинаи «Лайлу наҳор» вазифаи муҳарририро ба ӯҳда дошт. Файз солҳоя 30—40 бо назарияи марксистию ленинӣ шинос шуда буд. Яке …

Муфассал »

ФАЙЁЗИ ХУҶАНДӢ

ФАЙЁЗИ ХУҶАНДӢ Мирзоабдуллоҳ ибни Исматуллоҳ (1847, Хуҷанд—1934, ҳамон ҷо), шоири тоҷик. Аз Файёзи Хуҷандӣ як дафтари ашъор (ғазалиёту маснавиҳо, мухаммасу мусаддасот, қасидаю рубоиёт, қиссаю тамсилот, мутоибот, таърихҳо, қитаот ва муфрадоту муаммоҳо) боқӣ мондааст, ки қариб 4000 байтро дар бар мегирад. Бисёр шеърҳояш дар шакли муламмаъ (тоҷикию ӯзбекӣ) гуфта шудаанд. Шоир …

Муфассал »

ФАЙЁЗИ ЛОҲИҶӢ

ФАЙЁЗИ ЛОҲИҶӢ Мавлоно Абдурраззоқ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири эронӣ (асри 17). Шогирди Садруддини Шерозӣ. Якчанд рисолаи илмӣ ва шарҳе ба «Фусус-ул-ҳикам»-и Ибни Арабӣ навиштааст. Соҳибдевон. Ин абёт аа ӯст: Вақте ки тарки пиру устод диҳем, Омӯхтаҳоро ҳама аз ёд диҳем. Бо ҷоми маи дусола дар майкадаҳо Номуси ҳазорсола …

Муфассал »

ФАЙЁЗ Хоҷа Муҳаммад

ФАЙЁЗ Хоҷа Муҳаммад Дониёл ибни Хоҷа Шоҳӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик (асри 17). Ба қавли Малеҳои Самарқандӣ шахси таҳсилдида, соҳиби фазлу камол будааст. Дар татаббӯи шуарои гузашта шеър (бештар ғазал) мегуфтааст. Ин байт аз ӯст: Ҳама аз холу хату зулф сухан мегӯянд, Моҳи ман содаузорест, ки гуфтан …

Муфассал »

ФАЗЛУЛЛОҲИ ҚАЗВИНӢ

ФАЗЛУЛЛОҲИ ҚАЗВИНӢ Шарафуддин Абулфазли Ҳусайнӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоир ва муаррихи форс-тоҷик (асри 14). Баъд аз касби камол ӯ дар дарбори ҳокими Луристон хидмат кардааст. Аз ӯ чунин асарҳо боқӣ мондаанд: «Девони ашъор», ки қасоид, ғазалиёт, қитаот ва ғайраро дар бар мегирад; «Мунозирати Шамъу Қандил» — асари мансурест, …

Муфассал »

ФАЗЛУЛЛОҲИ АБУЛЛАЙСӢ

ФАЗЛУЛЛОҲИ АБУЛЛАЙСӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоир ва донишманди форс-тоҷик (асри 15). Дар зодгоҳаш Самарқанд илмҳои расмни даврро омӯхт. Забони арабиро хуб медонист. Аълами уламои Самарқанд буд. Алишери Навоӣ ду сол аз ӯ сабақ гирифтааст. Намунаҳои осораш тавассути тазкираҳо расидаанд. Ин абёт аз ӯст: Қадди чун сарви ту ҷон …

Муфассал »