Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФАЗЛУЛЛОҲИ ҚАЗВИНӢ

ФАЗЛУЛЛОҲИ ҚАЗВИНӢ

ФАЗЛУЛЛОҲИ ҚАЗВИНӢ Шарафуддин Абулфазли Ҳусайнӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоир ва муаррихи форс-тоҷик (асри 14). Баъд аз касби камол ӯ дар дарбори ҳокими Луристон хидмат кардааст. Аз ӯ чунин асарҳо боқӣ мондаанд: «Девони ашъор», ки қасоид, ғазалиёт, қитаот ва ғайраро дар бар мегирад; «Мунозирати Шамъу Қандил» — асари мансурест, ки тақрибан солҳои 1331—32 таълиф шудааст; «Ат-Тараосул-ун-насрия» — рисолаест дар боби иншо ва ҳунари муншигӣ; «Миръот-ун-наҷот» — достонест, ки мазмуни тасаввуфӣ дорад. Нусхаҳои дастнависи асарҳои мазкур дар Музеи Британия маҳфуаанд. Асари машҳури Фазлуллоҳи Қазвинӣ «Китоб-ул-мӯъҷам фӣ осори мулук-ил-Аҷам» (номҳои дигараш — «Таърихи мӯъҷам фӣ осори мулук ил-Аҷам», «Ал-Мӯъҷам фӣ таърихи мулук-ил-Аҷам» ва ғайра) мебошад, ки тақрибан солҳои 1312—28 таълиф шудааст.

ФАЗО Муҳаммадобид (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик (асри 17). Дар Самарқанд зиндагӣ ва эҷод кардааст. Малеҳои Самарқандӣ Фазоро дар силки шуарои машҳури давр зикр намудааст. Инчунин хаттоти моҳир низ будааст. Аз осораш абёти пароканда боқист.

Ин байт аз уст:

Ба ёди теғат, эй бадхӯ, дили ман об мегардад,

Сарам дар баҳри худ, бингар, ки чун гирдоб мегардад.

Адабиёт: Суханварони сайқали рӯи замин, Душанбе, 1973.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …