Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФАЙЗИИ КОСОНӢ

ФАЙЗИИ КОСОНӢ

ФАЙЗИИ КОСОНӢ Амир Дарвешмуҳаммади Косонии машҳур ба Подшоҳи Шерозӣ (1500—1597), шоири тоҷик. Донишманди улуми қофияву муаммо будааст ва дар ин боб рисолаҳо доштааст.

Аз осораш ғазалҳо (масалан, дар тазкираи Мутрибӣ) ва абёти пароканда боқист. Намунае аз шеъри Файзии Косонӣ.

Дил агар дорад ҳавои он бути паймонгусил,

Боядаш зуннор бастан, то барояд коми дил.

Бо рухи чун офтоб, эй моҳи меҳрафрӯзиман,

Ҷилва кун бар офтобу соз ӯро мунфаил…

Мекунӣ, Файзӣ, фиғону нола дар кӯяш,чӣ суд?

Оқибат хоҳӣ шудан аз кардаҳои худ хиҷил.

У. Каримов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …