Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 46)

Гуногун

ХАМБА

ХАМБА, кулӣ, ҷои махсусест, ки дар он орду ғалларо захира кунанд. Онро маъмулан дар анборхонаҳо (аз гаҷ, хишти хом, гил, чӯб) ба шакли охури мукааб месохтанд. Девораҳои хамбаро маҳкам карда, танҳо дар болояш ва девораи пешаш барои рехтану гирифтани маҳсулот сӯрохӣ мегузоштанд. Баъзан хамбаро бе сӯрохии паҳлӯӣ сохта, болояшро бо …

Муфассал »

ХАЛФИН Нафтула Аронович

ХАЛФИН Нафтула Аронович (таваллуд 18. 10. 1921, Киев), муаррих ва шарқшиноси советӣ, доктори илмҳои таърих (1962), профессор (1973). Аз оилаи коргар. Соли 1942 факултети филологияи Институти педагогии Осетияи Шимолиро хатм кавд. Аз соли 1957 дар Институти шарқшиносии Академияи Фанҳои СССР кор мекунад. Тадқиқоти Xалфин ба масъалаҳои сиёсати Россияи подшоҳи дар …

Муфассал »

ХАЛТУРИН Степан Николаевич

ХАЛТУРИН Степан Николаевич (21. 12. 1856 ё 2. 1. 1857, деҳаи Халевини (дертар Журавлии Боло) уезди Орлови губернияи Вятка, ҳозира раёни Халтурини вилояти Киров—3. 4. 1882, Одесса), коргари рус, революционер. Аз оилаи деҳқон. Тирамоҳи 1875 ба Потербург омада, дар корхонаҳои саноатии мухталиф кор кард, бо революсионерҳои халқчӣ алоқа барқарор намуд …

Муфассал »

ХАЙЁМ – Xайёми Нишопурӣ – Умари Хайём

xayyom

ХАЙЁМ Ғиёсуддин Абдулфатҳ Умар Ибни Иброҳим, Xайёми Нишопурӣ, Умар ал-Хайёмӣ (18. 5. 1048, Нишопур—4. 12. 1131, ҳамон ҷо), шоир, файласуф, риёзидон ва ҳайъатшиноси форс-тоҷик; ба тиб, назарияи мусиқӣ ва илми ҷуғрофия низ шуғл дошт. Эҳтимолан аз оилаи косиб (хаймадӯз). Ба қавли Ёраҳмад Ҳусайни Рошидии Табрезӣ — муаллифи маҷмуаи «Тарабхона» Xайём …

Муфассал »

ХАЛИФАЕВ Ҷумъа

ХАЛИФАЕВ Ҷумъа (таваллуд 1930, деҳаи Қистакӯзи раёни Хуҷанди вилояти Ленинобод), пахтакор, Қахрамони Меҳнати Сосиалистӣ (1948). Аъзои КПОС аз соли 1960. Соли 1952 Омӯзишгоҳи хоҷагии қишлоқи Ленинобод ва соли 1957 Институти хоҷагии қишлоқи шаҳри Тошкентро хатм кард. Солҳои 1944—48 колхозчи ва сардори звенои пахтакории комсомолону ҷавонони колхози ба номи Димитрови раёни …

Муфассал »

ХАЛИЛОВА Қӯзигул

ХАЛИЛОВА Қӯзигул (таваллуд 1931, шаҳри Панҷакент, вилояти Ленинобод) говҷӯш, Қаҳрамони Меҳнати Сосиалистӣ (1964). Аъзои КПСС аз соли 1959. Солҳои 1948—51 тамокупарвар ва аз соли 1951 говҷуш, сардори звеноӣ говҷӯшҳои колхози ба поми К. Маркси раёни Панҷакент. У соли 1983 аз 24 сар модагов андаряк 5256 килограммӣ шир ҷӯшид. Депутати Совети …

Муфассал »

ХАЛИЛОВ Муҳаммад

ХАЛИЛОВ Муҳаммад (таваллуд 1909, Самарқанд), актёри советии тоҷик («алкииРСС Тоҷикистон (1956). Аз оилаи косиб. Аъзои КПСС аз соли 1950. Дар Техникуми кооперативии шаҳри Самарқанд таҳсил карда, дар маҳфили ҳаваскорони санъат иштирок дошт. Соли 1931 ба ҳайати Театри давлатии тоҷик (ҳозира Театри давлатии драмаи академии ба номи Лоҳутӣ) қабул шуд. Xалилов …

Муфассал »

ХАЛИЛИ БУХОРОӢ Мирак Амириброҳим

ХАЛИЛИ БУХОРОӢ Мирак Амириброҳим (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик (асри 17). Мувофиқи маълумоти Музоки-р-ул- асуоб» дар мадраса таҳсил кард ва аз ғояти камоли ақлу дониш аз ҳамсолони худ пеш рафта, баробари таҳсил ба тадриси толибилмон низ шуғл дошт. Халили Бухороӣ дар сурудани муаммо, инчунин шарҳу тафсири «Шабистон»-и Фаттоҳии …

Муфассал »