Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 45)

Гуногун

«ХАТАРИ ТАҲЛУКА ВА ЧОРАҲОИ ПЕШГИРӢ КАРДАНИ ОН» – асари В. И. Ленин

«ХАТАРИ ТАҲЛУКА ВА ЧОРАҲОИ ПЕШГИРӢ КАРДАНИ ОН», асари В. И. Ленин, ки 10—14 сентябри 1917 дар пинҳонкорӣ дар Гельсингфорс (Финляндия) навишта шуда, охири октябри 1917 дар нашриёти «Прибой» ҳамчун китобчаи алоҳида аз чоп баромад. В. И. Ленин дар он платформаи иқтисодии Партияи болшевиконро дар арафаи Револютсияи Кабири Сосиалистии Октябр асоснок …

Муфассал »

ХАСТА Холмуҳаммад

ХАСТА Холмуҳаммад (1902, деҳаи Деҳбози Кӯлоб,—1972, Мазори Шариф, Афғонистон), шоир ва тазкиранависи афғон. Дар хурдсоли ҳамроҳи падар ба Бухоро рафта, илмҳои маъмули замонро аз худ кардааст. Баъд дар Мазори Шариф адабиёти форс-тоҷик ва арабро омӯхтааст. Солҳои 1922—36 дар мадрасаҳои Ҳиндустон таҳсил намудааст. Дар мадрасаҳои Мазори Шариф таълим додааст. Соли 1948 …

Муфассал »

ХАСПУШ

ХАСПУШ, чоҳ ё чуқуриест, ки рӯи онро бо хасу хошок пӯшонда номаълум карда бошанд, то дар вай ҷонваре ғалтида ба даст афтад.

Муфассал »

ХАСАК

ХАСАК, 1) дар боғдорӣ ниҳолест, ки аз тухм месабзонанд ва ҳангоми пайванд ба сифати пайвандтак истифода мебаранд. Маъмулан дарахтонеро, ки меваи бадсифат доранд Xасак ё хасакӣ (масалан, тути хасак, зардолуи хасак, хасакмуруд ва ғайра) мегӯянд. 2) дар ҷангалдорӣ ниҳолҳои 2—3-солаи аз тухм рӯндаро гӯянд. 3) хорхасак, хори хасак, 4) хасакобӣ, …

Муфассал »

«Тазкираи Харобот»

«ХАРОБОТ» «Тазкираи Ҳаробот», тазкираест, кп аз тарафи муаллифи номаълуме байни солҳои 1602—17 дар Ҳиндустон таълиф шуда, дар он 291 шоири асри 16 зикр ёфтааст. Муаллиф бо аксари онҳо мулоқот карда будааст. Аз тазкира оид ба тарзи зиндагӣ ва ашъори шоирони барои тазкиранависони дигар номаълум низ маълумот пайдо метавон кард. Шарҳи …

Муфассал »

ХАЛИФА

xalifa-xon-sulton

ХАЛИФА (арабӣ —ноиб, ҷойнишин), сардори давлати динию теократии мусулмонӣ ё худ хилофатро гӯянд. Дар аҳди аввали ислом ва дар суннӣ сардори ҷамоаи мусулмонӣ баъзе вазифаҳои Мӯҳаммадро ба ӯҳда дошт. Ҳар як халифа бояд аз тарафи ҷамоа интихоб мешуд ва ҳаёти онро мувофиқи шариат ба роҳ мемояд. Чаҳор халифаи аввал —Абубакр, …

Муфассал »

ХАМИР

xamir

ХАМИР, орди ғаллаи маҳлулшуда бо обу намакро гӯянд, ки аз он хелҳои гуногуни нон ва дигар ғизоҳои хамирӣ мепазанд. Ба хамири нон хамиртуруш меандозанд. Хамири туппа, угро, тушбера, манту, санбӯса ва ғайра хамиртуруш надорад. Адабиёт: Таджики Каратегина и Парваза, в. 2, Душанбе, 1970. М. Хомидҷонова.

Муфассал »

ХАНҶАР

xanjar

ХАНҶАР, корди дудамаи нӯкборикеро гӯянд, ки аслиҳаи чангӣ ба шумор меравад. Аввалҳо ханҷарро аз шохи ҳайвонот, инчунин аз санги чақмоқ месохтанд. Сонитар онро аз мис, биринҷӣ, оҳан ва аз пӯлод месохтагӣ шуданд. Ханҷари пӯлодиро бо ғилоф (наём)-и заррин ба камар мебастанд. Ханҷар ҷузъи либоси миллии баъзе халқҳои Кавказ низ ба …

Муфассал »

«ХАРИТАИ ҶАВОҲИР»

«ХАРИТАИ ҶАВОҲИР» тазкираест, ки Мазҳари Ҷони Ҷонон таълиф кардааст (асри 17). Дар он аз эҷодиёти 490 шоир байтҳо, рубоиҳо, дубайтиҳо ва дигар навъҳои шеър намуна оварда шудаанд. «Xаритаи ҷавоҳир» барои омӯзиш ва барқарор кардани осори парокандаи баъзе шоирони давраҳои гуногуни адабиёти форс-тоҷик, адибони форснзабони Ҳиндустон аҳамияти калон дорад. «Xаритаи ҷавоҳир» …

Муфассал »