Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХАСТА Холмуҳаммад

ХАСТА Холмуҳаммад

ХАСТА Холмуҳаммад (1902, деҳаи Деҳбози Кӯлоб,—1972, Мазори Шариф, Афғонистон), шоир ва тазкиранависи афғон. Дар хурдсоли ҳамроҳи падар ба Бухоро рафта, илмҳои маъмули замонро аз худ кардааст. Баъд дар Мазори Шариф адабиёти форс-тоҷик ва арабро омӯхтааст. Солҳои 1922—36 дар мадрасаҳои Ҳиндустон таҳсил намудааст. Дар мадрасаҳои Мазори Шариф таълим додааст. Соли 1948 депутати парламент (Шӯрои миллӣ)-и Афғонистон интихоб гардид. Дар охири ҳаёташ ба хариду фурӯши китоб машғул будааст. Беҳтарин шеърҳои Xаста дар «Маҷмӯаи ашъор» (6 ҷилд) ва «Мунтахаботи ашъор» (2 ҷилд) гирд омадаанд. Дар ашъораш бештар ишқи поку самимӣ ва орзую омоли муосирони ӯ тараннум шудаанд. Xаста дар тазкираҳои «Ёде аз рафтагон» ва «Муосирони суханвар» доир ба ҳаёт ва эҷодиёти 200 шоиру нависандаи даризабони Афгонистон маълумот додааст. Xаста инчунин оид ба адабиёт ва хаттотӣ мақолаҳои зиёде навиштааст. Ш. Орифов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …