Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХАСТА Холмухаммад

ХАСТА Холмухаммад

ХАСТА Холмухаммад (1902, дехаи Дехбози Кулоб,—1972, Мазори Шариф, Афгонистон), шоир ва тазкиранависи афгон. Дар хурдсоли хамрохи падар ба Бухоро рафта, илмхои маъмули замонро аз худ кардааст. Баъд дар Мазори Шариф адабиёти форс-точик ва арабро омухтааст. Солхои 1922—36 дар мадрасахои Хиндустон тахсил намудааст. Дар мадрасахои Мазори Шариф таълим додааст. Соли 1948 депутати парламент (Шурои милли)-и Афгонистон интихоб гардид. Дар охири хаёташ ба хариду фуруши китоб машгул будааст. Бехтарин шеърхои Xаста дар «Мачмуаи ашъор» (6 чилд) ва «Мунтахаботи ашъор» (2 чилд) гирд омадаанд. Дар ашъораш бештар ишки поку самими ва орзую омоли муосирони у тараннум шудаанд. Xаста дар тазкирахои «Ёде аз рафтагон» ва «Муосирони суханвар» доир ба хаёт ва эчодиёти 200 шоиру нависандаи даризабони Афгонистон маълумот додааст. Xаста инчунин оид ба адабиёт ва хаттоти маколахои зиёде навиштааст. Ш. Орифов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.