Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 37)

Гуногун

РОБЕСПЕР Максимилен Мари Изидор де

РОБЕСПЕР (Robespierre) Максимилен Мари Изидор де (6. 5. 1758, Аррас—28. 7. 1794, Париж), арбоби Револютсияи Кабири Фран¬сия, яке аз роҳбарони якобичиён. Аз оилаи адвокат. Баҳори соли 1792 Робеспер пароканда кардани Маҷлиси қонунгузорӣ (охири тирамоҳи соли 1781 ба ҷои Маҷлиси муассисон ташкил шуда буд), ҷорӣ намудани ҳуқуқи интихоботии умумӣ ва дар …

Муфассал »

РИШТИН Садиқуллоҳ

РИШТИН Садиқуллоҳ (соли таваллуд 1917, деҳаи Ғозиободи вилояти Нанграҳор), шоир, нависанда, олим ва арбоби давлатию ҷамъиятии афғон. Дар оила савод бароварда, маъ умоти миёнаро дар мактаби Наҷмулмадорис гирифтааст. Соли 1939 мадрасаи Дорулулуми арабиро хатм намуда забонҳои арабию англисиро ба хубӣ аз худ кардааст. Аз соли 1942 cap карда дар вазифаҳои …

Муфассал »

РИШТИЁ —Саидқосим

РИШТИЁ —Саидқосим (таваллуд 1915, Кобул), нависанда, олим ва арбоби давлатии афғон. Дар литсейҳои Ҳабибия ва Истиқлол таҳсили илм кардааст. Чанд сол дар идораи почта ва телеграфи Афғонистон тарҷумон буд. Риштиё дар вазифаҳои муҳаррири маҷаллаи «Кобул» (1937— 1940), сардори Агентии телеграфии «Бохтар» (1951—1955) ва сардори идораи матбуот кор кардааст. Риштиё забонҳои …

Муфассал »

РИХТЕР Святослав Теофилович

РИХТЕР Святослав Теофилович (таваллуд 20. 3. 1915, Житомир), пианинонавози советӣ, Артисти Халқии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР (1961), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1975), яке аз бузургтарин пианинонавозони асри 20. Маълумоти ибтидоии мусиқи- ро аз падараш гирифтааст, ки пианино ва органнавоз буд. Солҳои 1933 —1937 консертмейстери Театри опера …

Муфассал »

РИХТЕР Андрей Александрович

РИХТЕР Андрей Александровнч (15. 8. 1871, деҳаи Куровски ҳозира райони Калугаи вилояти Калуга —2. 4. 1947, Москва), олими советӣ дар соҳаи физиологияи растаниҳо, академияи Академияи Фанҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР (1932; аъзо-корреспондент 1929) ва Всесоюзная Академия Сельскохозяйственных Наук Имени Ленина ВАСХНИЛ (1935). Баъди хатми Университети …

Муфассал »

РИХМАН Георг Вилгелм

РИХМАН Георг Вилгелм (22. 7. 1711, Пярну, ҳозира Республикаи Советии Сотсиалистии Эстотния— 6.. 8. 1753, Петербург), физики рус, академик Академияи Фанҳои Петербург (1741). Дар университетҳои Галле ва Йена таҳсил кардааст. Солҳои 1735—40 донишҷӯи «синфи физика»-и Академияи Фанҳои Петербург буд. Аз 1740 адютант, аз соли 1741 профессор. Аз соли 1744 мудири …

Муфассал »

РИФЪАТӢ Авазмуҳаммадхони Қубодиёнӣ

РИФЪАТӢ Авазмуҳаммадхони Қубодиёнӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик (асри 16).’ Аввал дар Балх, сипас дар Қундузи Афғонистон касби камол кардааст. Шоири хушсухану баландтабъ ва дар ғазал ҳунарманд будааст. Тазкиранависон ба ғазалиёти Рифъатӣ баҳои баланд додаанд.

Муфассал »

РИФЕЙ

РИФЕЙ (аз лотинӣ— кӯҳҳои Рифей; баъзан географҳои қадим кӯҳҳои Уралро ҳамин тавр меномиданд), маҷмӯи таҳнишастҳои токембрийи боло (синни мутлақаш 1650—570 миллион сол), ки дар Урал вусъат ёфтааст. Дар таркиби Рифей 4 қисми асосӣ мавҷуд аст, ки ҳар кадоме бо системаҳои геологӣ (ё фитемаҳо) мувофиқат мекунад: қисми поён (1650—1400 миллион сол), …

Муфассал »

РИТОН

44893

РИТОН (юнонӣ—мешорам), зарфи қадима барои истеъмоли нӯшокӣ (асосан май), ки шаклан ба шох монанд буда, дар қисми танги поён сӯрохӣ дорад. Ритонро аз филиз, гил, шох сохта, нақшу нигор ва кандакорӣ мекарданд. Ритон дар Эрон, Бохтар ва Рими Қадим машҳур буд. Ритони танааш кӯтоҳи васеъ бо акси сари ҳайвон (баъзан …

Муфассал »

РИСҚУЛОВ Турар Рисқулович

РИСҚУЛОВ Турар Рисқулович (26. 12. 1894—10. 2. 1938), ходими давлатӣ ва партиявии советӣ. Аз оилаи чорводори кӯчманчии волости Талғари шарқии усади Верний, ҳоло вилояти Олмаато. Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС аз соли 1917. Барои иштирок дар Шӯриши соли 1916 дар Осиёи Миёна ва Қазоқистон ҳабс …

Муфассал »