Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РИХМАН Георг Вилгелм

РИХМАН Георг Вилгелм

РИХМАН Георг Вилгелм (22. 7. 1711, Пярну, ҳозира Республикаи Советии Сотсиалистии Эстотния— 6.. 8. 1753, Петербург), физики рус, академик Академияи Фанҳои Петербург (1741). Дар университетҳои Галле ва Йена таҳсил кардааст. Солҳои 1735—40 донишҷӯи «синфи физика»-и Академияи Фанҳои Петербург буд. Аз 1740 адютант, аз соли 1741 профессор. Аз соли 1744 мудири кабинети физикаи Академияи Фанҳо. Доир ба калориметрия ва электр кор кардааст. Формулаи муайян кардани ҳарорати омехтаҳои моеъҳои якҷинсаи гуногун ҳароратро тартиб дод, ки он бо номи Рихман машҳур аст. Ҳамроҳи М. Б. Ломоносов электри ҳаворо тадқиқ кард аст. Аз зарбаи барқ ҳалок гардидааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …