Маълумоти охирин
Главная / anvarj63 (страница 5)

anvarj63

АБУСАЙДИ ГУРГОНӢ

АБУСАЙДИ ГУРГОНӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 12). Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш маълум нагардидааст. Аз ашъори боқимондааш бармеояд, ки ӯ дар онҳо андешаву матлабҳои иҷтимоӣ сиёсӣ, танқиди зулму золимӣ, мубориза ба муқобили бемаърифативу мардумозории баъзе аъёну ашроф инъикос ёфтаанд. Мувофики маълумоти сарчашмаҳои адабӣ дар эҷоди навъҳои шеър – …

Муфассал »

АБУСАИДИ АБУЛХАЙР

АБУСАИДИ АБУЛХАЙР Фазлуллоҳ ибни Абулхайри Маҳнаӣ (967, Маҳнаи Хуросон – 1049, ҳамон ҷо), мутафаккир ва яке аз шайхони бо­нуфузи тасаввуф. Назди падараш, ки соҳибмаълумот будааст, хату савод бароварда дар мадрасаҳои Хева таҳсилро идома додааст. Абусаиди Абулхайр аз мутасаввифони пайрави мактаби сукр будааст ва дар ривоҷу равнақи тасаввуфи Хуросон хизмати арзишманд …

Муфассал »

АБУСАИД МУҲАММАДИ ХУҶАНДӢ

АБУСАИД МУҲАММАДИ ХУҶАНДӢ Абӯсаид Муҳаммад ибни Абубакр ибни Собит ибни Ҳасан ибни Алии Хуҷандӣ (соли таваллуд номаълум – вафот 1137), шоир, адиб, фақехи форс-тоҷик. Писари Абубакр Муҳаммади Хуҷандӣ. Ба монанди дигар намояндагони Оли Хуҷанд саводи ибтидоиро дар назди падар баровардааст. Баъдтар таҳсилро дар мадра­саи Низомияи Исфаҳон идома дод. Бад аз …

Муфассал »

АБУСАИД МИРЗО

АБУСАИД МИРЗО (1428 – 1469), охирин ҳокими хонадони темурӣ дар Мовароуннаҳру Хуросон (1451 – 69), набераи Мироншоҳ, абераи Темур. Овони ҷавониаш дар дарбори Улуғбек  гузашт. Ба муқобили Улуғбек ва писаронаш барои тахт мубориза бурда, соли 1451 Самарқандро ишғол кард. Абусаид Мирзо соли 1457 баъди вафоти Абулқосими Бобур Ҳиротро ишғол кард. …

Муфассал »

АБУСАИД МАҲЗУМ

АБУСАИД МАҲЗУМ (нимаи дуввуми асри 19 – аввали асри 20), кишварши­носи Самарқанд, хаттот ва донандаи дастхатҳои Шарқ. Яке аз ёрдамчиёни ихтиёрии В. Л. Вяткин. Ӯ дар ҷамъоварии ривоятҳои халқӣ оид ба расадхонаи Улуғбек бо В. Л. Вяткин ҳамкорӣ кардааст. Маълумотро оид ба ҳамин расадхона аз дастхатҳои шарқӣ ва ёфта рӯнавис …

Муфассал »

Абусайд ибни Муҳаммад ибни Мироншоҳ ибни Темур

АБУСАЙД ибни Муҳаммад ибни Мироншоҳ ибни Темур (1424, Самар- қанд – 1469, номаълум), ҳаштумин султони Мовароуннаҳру Хуросон аз хонадони Темуриён (1451 – 69). Абераи амир Темур, набераи Мироншоҳ. Кӯдакӣ ва навҷавониашро дар Са­марқанд назди Улуғбек сипарӣ кардааст, Ҳангоми қатли Улуғбек бо ҳукми Абдуллатиф дар зиндон буд, лекин баъди март ӯ …

Муфассал »

Абунувос Ҳасан ибни Ҳонӣ

АБУНУВОС Ҳасан ибни Ҳонӣ (762. Аҳвоз – 813, Бағдод), шоири ара- бизабони эронинажод. Дар ҷавонӣ аз падар маҳрум шуд. Ҳамроҳи модараш ба Басра кӯчида, дар назди Волиба ибни Ҳубоб ном шоири араб аз шеъру шоири сабақ гирифт. Пас аз муддате Абунувос дар шоирӣ шӯҳрат ёфт ва ба Бағдод рафта, дар …

Муфассал »

АБУНАСРИ ФАРОҲӢ

АБУНАСРИ ФАРОҲӢ Бадруддин ибни Ҳусайн ибни Ҷаъфар (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри11). Абунасри Фароҳӣ мусаннифи фарҳанги арабӣ-форсии «Нисоб-ус-сибён» аст, ки бо супориши вазири маъруфи Садҷуқиён Низомулмулк (1017 — 92) нигошта шудааст. Дар пайравӣ ба ин асар донишмандони бисёре фархангҳои гуногун таълиф кардаанд. Яке аз корҳои дигари Абунасри …

Муфассал »

АБУНАСРИ ТОЛИҚОНӢ

АБУНАСРИ ТОЛИҚОНӢ Аҳмад ибни Иброҳим (соли таваллуд ва вафот номаъ­лум), шоири форс-тоҷик (асри11). Дар тазкираҳо аз ӯ чун шоири дарбори Салҷуқиён ва вазири машҳур – Ни­зомулмулк (1017 — 92) сухан меравад. Девонаш дастрас нагардидааст, вале қасоиди бисёре аз ӯ дар тазкираҳо омадааст, ки баъзеи онҳо дар мадхи Низомулмулк мебошанд. Ба …

Муфассал »

АБУНАСРИ САРРОҶ,

АБУНАСРИ САРРОҶ, Абунаср Абдуллоҳ ибни Алӣ ибни Муҳаммад Яхъё (соли таваллуд номаълум – ваф. 987, Тус), фақеҳ ва мутасаввиф (асри 11), мулаққаб ба «Товус-ул-фукаро». Абунасри Сарроҷ аз авлоди зоҳидон буда, ба Димишк, Бағдод, Басра, Қохира ва бисёр шаҳрҳои Эрон сафар кардааст, таассуроти сафар ва мулоқоти худро бо машоихи суфия дар …

Муфассал »