Маълумоти охирин
Главная / anvarj63 (страница 7)

anvarj63

Абунаср ибни Муҳаммад

АБУНАСР, Бунаср, номи пуррааш Абунаср ибни Муҳаммад, машҳур ба Бунасри Мутриб (889, Марв – 961, Бухоро), мусиқидон, навозанда ва сарояндаи форсу тоҷик (асри 10). Абунаср илмҳои замонашро дар зодгоҳаш омӯхта, ба­рои такмили пешаи навозандагӣ ба Бухоро меояд. Дар ин ҷо назди Абулаббоси Бахтиёр асосҳои назариявии мусиқиро меомӯзад. Абунаср дар иҷрои …

Муфассал »

АБУМУСЛИМНОМА

«АБУМУСЛИМНОМА», яке аз нахустин асарҳои насри омиёнаи форси- тоҷикист. Аз нигоҳи навъи адабӣ (жанр) ин асар достони размию таърихӣ буда, падидаҳову рӯйдодҳои ҳам воқеиву ҳам хаёлиро фаро гирифтааст. Қаҳрамони марказии дос­тон шахси таърихӣ, пешвои шӯриши зидди Хилофати Умавиён Абумусли­ми Хуросонист. Дар миёнаи асри 8 дар сарзаминҳое, ки мардуми эронинажод, аз …

Муфассал »

АБУМУСЛИМИЯ

АБУМУСЛИМИЯ, Муслимия, наҳзати фикрӣ ва иҷтимоӣ дар Хуросону Мовароуннаҳр. Ин ҳаракат асосан баъди қатли Абумуслими Хуросонй бо сабаби хунбаҳои ӯ ба вучуд омад. Гурӯҳҳое Кисония ва Разомия эътиқод  доштанд, ки Абумуслим намурдааст ва рӯҳаш ба дигаре хулул кардааст. Бояд барои зуҳураш интизорӣ кашид ва мегуфтанд: «имомат аз Муҳаммад ибни Ҳанифа …

Муфассал »

АБУМУСЛИМИ ХУРОСОНӢ

АБУМУСЛИМИ ХУРОСОНӢ (719 ё 723, тахминан Бушанҷи Ҳирот ё Исфаҳон – 755, Мадоин), сарвари шӯриши зидди Умавиён, баъдан фар- монфармои Хуросон. Ном вакунияи Абумуслими Хуросонӣ аввал Абуисҳоқ Иброҳим ибни Ҳайкон (ё Бухтагон) буда, сипас номашро ба Абдурраҳмон ибни Муслим ва кунияашро ба Абумуслими Хуросонӣ иваз намуд. Мутобиқи ҳаққоқии сиккаҳои давраш …

Муфассал »

АБУМАЪШАРИ БАЛХӢ

АБУМАЪШАРИ БАЛХӢ ибни Му¬ҳаммад ибни Умар (соли таваллуд номаълум – вафот 886), мунаҷҷим. Дар Европа бо номи Абумасар машҳур аст. Бино ба маълумоти баъзе маъхазҳо Абумаъшари Балхӣ бештар аз 100 сол умр дидааст ва зиёда аз 30 асар таълиф намудааст. «Мадхал ила илми аҳком-ин-нуҷум» («Мадхали илми ҳукми нуҷум») ном асри …

Муфассал »

АБУЛҲАЙСАМИ ГУРГОНӢ

АБУЛҲАЙСАМИ ГУРГОНӢ Хоҷа Аҳмад ибни Ҳасан (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (охири асри 10 – ибтидои асри 11). Абулҳасайми Гургонӣ дар овони ҷавонӣ ба омӯхтани илму ҳикмати замони худ таваҷҷӯҳи зиёд дошта, шеърро некӯ месурудааст. Носири Хусрав дар асари худ «Ҷомеъ-ул-ҳикматайн» ӯро ба некӣ ёд кардааст. Аз ашъори …

Муфассал »

АБУЛҲАВЛ

abulhavl

АБУЛҲАВЛ: 1) ҳайкали бузурги махлуқи хаёлӣ (рӯҳи муҳофиз, таҷас- сумкунандаи ҳокимияти шоҳӣ), ки танааш ба шер ва сараш ба сари одам ё ҳайвони муқаддас монанд тасвир ёфтааст. Яке аз бузургтарин Абулҳавлҳо дар Ҷиза наздикии аҳроми Хефрен (асри 28 то милод) воқеъ аст, ки бараш 17 метр ва баландиаш 38 метр …

Муфассал »

АБУЛФАТҲИ БУСТӢ

АБУЛФАТҲИ БУСТӢ Алӣ ибни Муҳаммад ибни Юсуф ибни Муҳам­мад ибни Абдулазиз (971, Б уст – 1009/10, Бухоро), шоири форс-тоҷик. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои адабӣ Абулфатҳи Бустӣ дар зодгоҳаш илмҳои расмии даврашро омӯхта, дар син­ни камолот чун шоир ва донишманд дар байни аҳли илму адаби замонаш шӯҳратманд гардидааст. Мувофиқи маълумоти тазкиранигор Муҳаммад …

Муфассал »

АБУЛФАТҲ ПИНДОРИ РОЗӢ

АБУЛФАТҲ ПИНДОРИ РОЗӢ Камолуддин ибни Абунаср Хотирии Ро­зӣ (соли таваллуд номаълум – вафот 1010/11), шоири форс-тоҷик. Оид ба давраи наврасӣ ва таҳсилоташ дар сарчашмаҳои адабӣ маълумот дарҷ нагардидааст. Абулфатҳ дар дарбори Маҷдуддавлаи Дайламӣ (ҳукмронии 997 – 1029) хидмат мекард. Ба забонҳои форсии дарӣ, арабӣ ва лаҳҷаи табаристонӣ (дар баъзе сарчашмаҳо …

Муфассал »

АБУЛФАТҲ Абдурраҳмони Искандарӣ

АБУЛФАТҲ Абдурраҳмони Искандарӣ (соли таваллуд номаълум – вафот 1165), олим, сайёҳ ва ҷуғрофидони араб. Муаллифи луғати географии «Китоб- ул-амкина ва-л-миёҳ ва-л-ҷибол ва- л-осор ва наҳваҳа-л-мазкура фӣ-л- ахбор ва-л-ашъор» («Китоб доир ба маконҳо, обу кӯҳу ёдгориҳо ва ғайра, ки дар ривояту шеърҳо зикр шудаанд»). Дар китоб шарҳи номи кариб 3000 мамлакату …

Муфассал »