Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / АБУЛФАТҲ ПИНДОРИ РОЗӢ

АБУЛФАТҲ ПИНДОРИ РОЗӢ

АБУЛФАТҲ ПИНДОРИ РОЗӢ Камолуддин ибни Абунаср Хотирии Ро­зӣ (соли таваллуд номаълум – вафот 1010/11), шоири форс-тоҷик. Оид ба давраи наврасӣ ва таҳсилоташ дар сарчашмаҳои адабӣ маълумот дарҷ нагардидааст. Абулфатҳ дар дарбори Маҷдуддавлаи Дайламӣ (ҳукмронии 997 – 1029) хидмат мекард. Ба забонҳои форсии дарӣ, арабӣ ва лаҳҷаи табаристонӣ (дар баъзе сарчашмаҳо дайламӣ, розӣ гуфтаанд) шеър мегуфт.

Аз осораш дар навъҳои адабии ғазал, рубоӣ, китъа ва ғайоа 108 байтро муҳақкиқони адабиёт ҷамъоварӣ намудаанд. Мавзӯъҳои ашъораш тараннуми хушиҳои зиндагӣ, андешаҳои фалсафӣ ва ғайра мебошанд, ки баъдан дар рубоиёти Хайём низ ба таври густурда интишор ёфтанд. Мувофиқи маълумоти Ҳоҷӣ Ха­лифа Абулфатҳ бо номи «Мунтахаб-ул-фурс» луғати тафсирие доштааст. Абёти зерин намунае аз ашъораш мебошанд:

Аз марг ҳазар кардан ду рӯз раво нест,

Рӯзе, ки қазо бошаду рӯзе, ки қазо нест.

Рӯзе, ки қазо бошад, кӯшиш надиҳад суд,

 Рӯзе, ки қазо нест, дар ӯ марг раво нест.

Мушкин килке серу бунболое,

Во ду чашми шаҳлою чӣ шаҳлое.

Адабиёт: Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ, Сталинобод, 1958; Адабиёти форсу тоҷик дар асрҳои XII – XIV, кисми 1, Душанбе, 1970.

М. Диловаров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …