Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУСАИД МИРЗО

АБУСАИД МИРЗО

АБУСАИД МИРЗО (1428 – 1469), охирин ҳокими хонадони темурӣ дар Мовароуннаҳру Хуросон (1451 – 69), набераи Мироншоҳ, абераи Темур. Овони ҷавониаш дар дарбори Улуғбек  гузашт. Ба муқобили Улуғбек ва писаронаш барои тахт мубориза бурда, соли 1451 Самарқандро ишғол кард. Абусаид Мирзо соли 1457 баъди вафоти Абулқосими Бобур Ҳиротро ишғол кард. Дар ибтидои солҳои 60 Мовароуннаҳру Хуросонро муттаҳид намуд.

Солҳои ҳукмронии Абусаид  Мирзо асосан аз мубориза ба муқобили шоҳзодагони темурӣ дар Мовароуннаҳр, Хуросон ва Хоразм иборат буданд. Абусаид Мирзо соли 1468 баЭрони Ғарбӣ, ки аз тасарруфи Темуриён баромада буд, лашкар кашид ва соли 1469 дар муҳориба бо Мирзо Ҷаҳоншоҳи Оққуюнлу ҳалок гардид. Писараш Султон Аҳмад Мирзо соҳиби тахти падар шуд, вале Султон Аҳмад Мир­зо ҳокими мутлақи хонадони темуриҳо ба ҳисоб намерафт ва бо унвони султон танҳо дар Мовароуннаҳр ҳукмронӣ кардааст (1469 – 94). Дар аҳди Абусаид Мирзо дар Мовароуннаҳру Хуросон хунармандӣ, савдо ва бо мамлакатҳои ҳамсоя равобити тиҷоратӣ, сиёсӣ ва Маданӣ ривоҷ ёфт. А. Мухторов, Ҳ. Камол.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …