Маълумоти охирин
Главная / 2018 / January (страница 4)

Архив Месяца: January 2018

МАВҶБАР

МАВҶБАР, канали ҳудудҳояш аниқ, ки аз он мавҷ мегузарад. Ҳамчун Мавҷбар барои мавҷҳои садо гулба, мила ё сим; барои мавҷҳои электромагнитии баландбасомад гулбаи металлии буриши кундалангиаш гуногун ё милаҳои диэлектрӣ, барои рӯшноӣ найчаҳои цилиндрӣ ва конусӣ; барои мавҷҳои зилзила қабатҳои болоии Замин хизмат мекунанд.

Муфассал »

МАДАГАСКАР

madagasskar-res

МАДАГАСКАР, Республикаи Демократии Мадагаскар, давлат дар қисми ғарбии уқёнуси Ҳинд. Дар назди соҳили ҷанубӣ шарқии Африка, дар ҷазираи Мадагаскар ва чазираҳои хурди ба он ҳамшафат воқеъ аст. Онро аз материк гул. Мозамбик ҷудо мекунад. Масоҳаташ 596 ҳазор им9. Аҳолиаш 9 млн нафар (1979). Пойтахташ Антананариву. Мамлакат ба 6 музофот тақсим …

Муфассал »

МАДАГАСКАР

madagaskar

МАДАГАСКАР (Madagascar), ҷазира дар уқёнуси Ҳинд. Тақрибан 400 км шарқтар аз қитъаи Африка воқеъ аст. Масоҳати 590 хазор км2. Тӯлаш қариб 1600 км, бараш бештар аз 600 км. Дар бораи табиат ва хоҷагии чазира ниг. Республикаи Демократии Мадагаскар.

Муфассал »

МАГНОЛИЯ

magnolia

МАГНОЛИЯ (Magnolia grandifloга), дарахти ҳамешасабзест аз оилац Magnoliaceae. Баландиаш то 30 м. Барги байзашакли дурушти ҷилодор (дарозиаш 12—25 см, бараш 4—12 см), гули сап-сафеди калони хӯшбӯй (диаметраш 10—22 см), баргмеваи ҷалғузашакл (дарозиаш то 12 см» бараш то в см), тухми лубиёшакл (дар ҳар як мевабарга 1— 2-той, вазни 1000-тоаш қариб …

Муфассал »

МАГНИТУДАИ ЗИЛЗИЛА

magnitudai-zilzila

МАГНИТУДАИ ЗИЛЗИЛА (лот. magnitudo — бузургӣ аз magnus — калон), бузургии шартиест, ки энергияи умумии лаппишҳои чандирӣ ҳангоми зилзила ё таркиш бавуҷудояндаро тавсиф медиҳад. Магнитудаи зилзила ба логарифми энергияи лаппиш мутаносиб аст. Одатан бо бузургии калонтарини нисбати амплитуда бар даври лаппишҳое, ки сейсмограф сабт мекунад, муайян карда мешавад. Магнитудаи зилзила …

Муфассал »

МАГНИТОФОН

magnitofon

МАГНИТОФОН (юн., magnetis — магнит ва phone — садо), аппарат барои ба навори магнитӣ сабт кардани сигнали садоӣ (ниг. Сабти садо) ва аз нав шунавондани он. Магнитофон вобаста ба таъинот касбӣ ва маишӣ мешаванд. Магнитофонҳои касбӣ барои истифода дар телевизион, радиошунавонӣ, кино ва ғ., Магнитофонҳои маишӣ барои ҳаваскорон пешбинӣ шудаанд. …

Муфассал »

МАГНИТОСТРИКЦИЯ

magnitoctriksia

МАГНИТОСТРИКЦИЯ (аз юн. magnetis — магнит ва лот. strictio — фишурдашавӣ, кашидашавӣ), тағйири шакл ва ҳаҷми ҷисм ҳангоми магнитнокшавӣ. Ҳодисаи Магнитострикцияро Ч. Ноуль соли 1842 кашф кардааст. Дар ферро ва ферримагнетикҳо (Ее, Ni, Со, Gd, Tb ва г., як қатор хӯлаҳо, ферритҳо) бузургии Магнитострикция хеле калон д/ —- г» 10—* …

Муфассал »

МАГНИТООПТИКА

magnitooptika

МАГНИТООПТИКА, магнетооптика (аз юн. magnetis — магнит ва оптика), фасли физика, ки таҳти таъсири майдони магнитӣ тағйирёбии хусусиятҳои оптикии муҳитро меомӯзад. Ба ҳодисаҳои магнитооптикӣ инҳо мансубанд: таҷзияи хатҳои спектрӣ дар майдони магнитӣ (ниг. Ҳодисаи Зееман), чархзании ҳамвории поляризацияи рӯшноӣ дар майдони магнитӣ (ниг. Ҳодисаи Фарадей), шикасти дукаратаи рӯшноӣ дар моддаҳои …

Муфассал »

МАГНИТОМЕТР

magnitometr

МАГНИТОМЕТР (аз. юн. magnetis — магнит ва …метр), асбобест барои чен кардани тавсифи майдони магнитӣ ва хосияти магнитии моддаҳо (материалҳои магнитӣ). Вобаста ба принципи корашон Магнитографҳои магнитостатикӣ, электромагнитӣ, индукциониӣ, электродинамикӣ ва Магнитографҳои ба ҳодисаи резонанси парамагнитӣ асоскардашуда мавҷуданд. Мас., дар Магнитографҳои маггнитостатистикӣ шиддатнокии майдони магнитӣ ё тағйироти он бо ақрабаки …

Муфассал »

МАГНИТОЛА

magnitola

МАГНИТОЛА, аппарати радиотехникии маишист, ки дар он радиоприёмник ва магнитофон аз ҷиҳати конструкция якҷоя карда шудаанд. Афзалияти чунин якҷоякунӣ дар он аст, ки пурқувваткунаки лаппишҳои электрӣ, росткунаки ҷараёни тағйирёбанда ва баландгӯякҳо умумӣ мебошанд. Саноати ватании солҳои 70 асри Магнитолаи «Миная-3» . 20 Магнитографҳои «Рекорд-301», «Минвя-4» ва ғ. истеҳсол мекунад.

Муфассал »