Маълумоти охирин

Архивы за год: 2018

ШОНИН Георгий Степанович

shonin-g-s

ШОНИН Георгий Степанович (тав. 3. 8. 1935, ш. Ровенькии вил. Луганск, ҳозира вил. Ворошиловград), лётчик – кайҳоннаварди СССР, генерал-майори авиация (1977), Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1969). Аъзои КПСС аз с. 1957. С. 1957 Омузишгоҳи ҳарбии авиациониро хатм намуд. Аз с. 1960 дар отряди кайҳоннавардон аст. 11—16 окт. 1969 ба сифати командири …

Муфассал »

ШОНАИҲО

shonaiho

ШОНАИҲО (Ctenophora), як ҷинси ҳайвоноти бемуҳраи баҳриро гуянд, ки ба типи рудаковокҳо мансуб аст. Ш.-ро баъзан ба типи мустақил низ ҷудо мекунанд. Баданашон шаффоф аст. Ш. аз диг. рудаковокҳо бо узвҳои ҳаракаташон фарқ мекунанд. Ғайр аз ин Ш. нематоцит надоранд. Тани Ш. халташакл буда, дар як нугаш даҳон ва дар …

Муфассал »

ШОНА

shona

  ШОНА, асбоби дандонадореро гуянд, ки бо он одамон муйсару ришашонро ба тартиб оваранд. Маъмулап Ш.-ро аз чуби бенуқси дарахтони шамшот, заранг, дулона, фарк, зардолу, чормағз, нок, гелос, олаш (бук) тайёр мекунанд. нанд. Аз як тарафи он дандони дурушт ва тарафи дигараш дандони маҳин мебароранд. Паҳлуҳояшро камоншакл мекунанд ва ба …

Муфассал »

ШОММА

buy

ШОММА, қувваи буёӣ, ҳисси буёӣ, яке аз ҳавоси панҷгонаро гӯянд, ки буйро ҳис мекунад. Амали мазкур тавассути аъзои Ш. сурат мегирад. Аъзои Ш. дар ҳайвону инсон аз рецепторҳо (дар қисми болои холигии бинӣ ҷой гирифтаанд), торҳои асаби ҳисси ба он марбут (то 20; аз рецепторҳо ба ҷавфи ҷумҷума мераванд), пиёзаки …

Муфассал »

ШОЛӢ

sholi1

ШОЛӢ, шалтук (Oryza) , яке аз маъмултарин зироати ғалладона; растании як ва бисьёрсолаест аз оилаи хушаиҳо. Дар дуньё 19 намуди Ш. (асосан дар ноҳияҳои тропикӣ) Меруяд ва аксар худрӯянд. Ш.-и кишта (О. sativa) растании яксола аст. Аз 50 см то 3—4 м қад мекашад. Ш.-и кишта зироати баҳорӣ ва гармпарвард …

Муфассал »

ШОЛОХОВ Михаил Александрович

scholohov

ШОЛОХОВ Михаил Александрович (24.5.1905, хутори Кружилин станицаи Вёшенская, ҳозира р-ни Вёшенская, вил. Ростов-21.2.1984, ҳамон ҷо), нависандаи совети  рус, академ. АФ СССР (1939), ду карат Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1967-80). Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз с.1932. Аъзои КМ КПСС аз с.1961. Дар мактаби назди калисо ва гимназия таҳсил кардааст. Дар Ҷанги …

Муфассал »

Зардолуи ШОКИРХОНӢ

АБДУХОЛИҚӢ

ШОКИРХОНӢ як навъ зардолуи маҳаллиро гӯянд. Асосан дар боғҳои С.қ. Ёваи р-ни Хуҷанди вил. Ленинобод мепарваранд. Дарахташ нисбатан дер гул мекунад. Мевааш лӯнда (як донааш 18-20 г), хӯштамъ, пӯсташ зарди кушод. Мағзаш ширин. Ш.-ро барои тархӯрӣ, хушконидан ва консервонӣ истифода мебаранд. Ниҳолаш баъди 2-8 сол ба ҳосил медарояд. Н.Шукуров

Муфассал »

ШОЛИКОРӢ

sholi

ШОЛИКОРӢ як соҳаи растанипарвариро гӯянд, ки ба парвариши шолӣ машғул аст.  Ниг. Инчунин Шолӣ.

Муфассал »

ШОКИР Лутфуллоҳ

ШОКИР Лутфуллоҳ (с.тав.ва ваф.номаълум), шоир ва донишманди тоҷик (а.17). Олими соҳаи фиқҳ, ҳадис, баён, тафсир, фалсафа, нуҷум, мантиқ, наҳв буд. Дар давраи Субҳонқулихон (ҳукм.1680-1702) Ш. дар дарбор буд. Баъдтар онро тарк кард ва ба кори тадрис ва таълифи асарҳои илмию бадеӣ машғул шуд. Ш.устоди муаммо ва яке аз муфассирони «Шабистони …

Муфассал »

ШОКАРИМОВ Юлдош

ШОКАРИМОВ Юлдош (28.8.1937, ш.Ленинобод), ходими давлатӣ ва партиявии советӣ. Аз оилаи хизматчӣ. Аъзои КПСС аз с.1966. С.1961 Ин-ти политехникии Киев ва с.1981 Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМ  КПСС-ро (ғоибона) хатм намуд. С-ҳои 1961-65 инженери калони «Тоҷикпроавтоматика» ва дигар ташкилотҳои Вазорати саноати электронии СССР, 1965 ҷонишини сардори Управленияи техникии Советии хоҷагии …

Муфассал »