Маълумоти охирин
Главная / 2018 / January (страница 20)

Архив Месяца: January 2018

МУҲАММАД ИБНИ МАҲМУДИ ИСФАҲОНӢ

nophoto

МУҲАММАД ИБНИ МАҲМУДИ ИСФАҲОНӢ   (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), меъмор, ҳаттот ва наққоши асри 14 форс-тоҷик. Муҳаммад аз овони ҷавонӣ ба санъатҳои ҳаттотӣ, ҷадвалкашӣ ва наққошӣ шавқ пайдо намуда, барои такмили ҳунар ба Шероз рафт. Муҳаммад дар ҳаттотию наққошӣ шӯҳрати тамом дошт ва ороишу китобати ду нусхаи девонҳои Саъдӣ ва …

Муфассал »

МУҲАММАД ИБНИ ЛОДИ ДЕҲЛАВӢ

nophoto

МУҲАММАД ИБНИ ЛОДИ ДЕҲЛАВӢ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), луғатнависи форсизабони Ҳиндустон. Дар асри 16 умр ба сар бурдааст. «Муайид-ул-фузало» аз муҳимтарин таълифоти ӯ ба шумор меравад. Ҳ. Рауфов.

Муфассал »

МУҲАММАД ИБНИ ЗАФАР ИБНИ УМАР

nophoto

МУҲАММАД ИБНИ ЗАФАР ИБНИ УМАР  (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), адиб ва тарҷумони асри 12 форс-тоҷик. Муҳаммад аз Мовароуннаҳр, зоҳиран аз Бухоро будааст. Ӯ тарҷумаи форсии «Таърихи Бухоро»-и Наршаҳиро, ки Абунасри Дубовӣ соли 1130 иҷро карда буд, соли 1176 мухтасар кардааст. Ин китоб аз асар­ҳои ҷолиб ва фасеҳи он давр …

Муфассал »

МУҲАММАД ИБНИ ВАСИФ

nophoto

МУҲАММАД ИБНИ ВАСИФ  (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири асри 9 форс-тоҷик. Мувофиқи маълумоти маноаъҳои адабӣ ва таърихӣ, аз қумла, «Таърихи Систон солҳои зиёд қабири дарбори Яъқуб ибни Лайс будааст. М.уҳаммад ибни Васиф дар баробари Абулянбағӣ, Маҳмуди Варроқ, Ханзалаи Бодрисӣ, Бассоми Гурд ва дигарон яке аз нахустин шоиронест, ки ба …

Муфассал »

МУХАММАД ИБНИ БОБОИ САМАРҚАНДӢ

nophoto

МУХАММАД ИБНИ БОБОИ СА­МАРҚАНДӢ     (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), олим ва фақеҳи асри 16 тоҷик. Муфтии Самар­қанд дар аҳди Убайдуллоҳхони Шайбонӣ. Дар Самарқанд зиндагӣ ва эҷод кардааст. Мероси илмии Муҳаммад аз ин «Ал-фатво-ус-Самарқанд» («Фатвоҳои Самарқанд»), «Риёз-ул-музаккирин» («Риёзати зикркунандагон»), «Равзат-ул-воизин» («Боғи ҷаннати воизон»), «Рисолаи ҳисоб дар забти фароиз». «Риёзиёт» («Математика») ва …

Муфассал »

МУҲАММАД ИБНИ БАЪЙС

nophoto

МУҲАММАД ИБНИ БАЪЙС  (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 849/50), яке аз нахустин шоиронест, ки ба ду забон — форсӣ ва арабӣ шеър гуфтаанд. Ватани Муҳаммад ибни Баъйс Эрони Ғарбист. Вай ба сафи шӯришгаро­ни зидди арабҳо, ки сардораш Бобак буд, дохил шуд, вале баъдтар ба ӯ хиёнат карда, ба тарафи муқобилони …

Муфассал »

МУҲАММАД ИБНИ АҲМАДИ САМАРҚАНДӢ

nophoto

МУҲАММАД ИБНИ АҲМАДИ СА­МАРҚАНДӢ (со­ли таваллуд ва вафоташ номаълум), олим ва фақеҳи асри 11 форс-тоҷик. Дар зодгоҳаш Самарқанд зиндагӣ ва таҳсил карда, барои такмили дониш ба Бу­хоро рафтааст. Дар он ҷо фиқҳ, ка­лом, мантиқ забони арабӣ, таърихи халқҳои Мовароуннаҳру араб ва ғайраро омӯхт. Мероси илмии ӯ «Туҳфат-ул- фукаҳо», «Эъзоҳ-ул-қавоид фи-л-муаммо» …

Муфассал »

МУҲАММАД ИБНИ АЛӢ

nophoto

МУҲАММАД ИБНИ АЛӢ ибни Муҳаммади Шабоякораӣ (таваллудаш 1298, Шабонкора — соли вафоташ номаълум), муаррих ва шоири форс- тоҷик. Хидмати Хоҷа Риёсуддини пи­сари Рашидуддини Фазлуллоҳро адо мекард. Қасоиди мадҳие ба ӯ бахшидааст. Соли 1333 ба таълифи китоби таърихи башар сар кард. Онро соли 1335 анҷом дода ба Риёсуддин пешкаш кард, то …

Муфассал »

МУҲАММАД ИБНИ АБУБАКРИ САМАРҚАНДИ

nophoto

МУҲАММАД ИБНИ АБУБАКРИ САМАРҚАНДИ (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1197, Са­марқанд), ҳуқуқшиноси форс-тоҷик. Доир ба ҷараёни зиндагиаш маълумотҳо каманд. Сарчашмаҳои дастрас хабар медиҳанд, ки давраи бачагии Муҳаммад дар Самарқанд гузаштааст. Сипас дар Бухоро таҳсил мекунад. Аксар илмҳои расмии замонашро аз бар намуда, хеле машҳур мегардад ва ҳамчун яке аз намояндагони …

Муфассал »

МУҲАММАД БОҚИРИ ҲИРАВӢ

nophoto

МУҲАММАД БОҚИРИ ҲИРАВӢ (соли таваллуд ва вафоташ номаъ­лум), хушнавис ва донишманди асри 16 форс-тоҷик. Писари хушнависи машҳур Миралии Ҳиравӣ. Санъати хушнависиро аз падараш омӯхтааст. Муҳаммад Боқирӣ  илмҳои маъмули давр, хусусан, калом ва ҳикматро хеле мукаммал медонистааст. Муҳаммад Боқирӣ аввал дар Ҳиндустон, дар дарбори Хонихонон хидмат кард. Баъдҳо ба дарбори Ҳумоюнподшоҳ …

Муфассал »