Маълумоти охирин
Главная / 2018 / January (страница 22)

Архив Месяца: January 2018

МУҚОИСА

mukoisa

МУҚОИСА, м у қ о и с а ( қиёскунӣ, андозагирӣ), қиёси объ­ектҳо бо мақсади зоҳир намудани монандӣ ва фарқияти онҳо. Муқоиса за­минаи муҳими таъмим аст. Барои хулосабарории қиёсӣ аҳамияти хос дорад. Ҳукму қазияҳое, ки зимни Муқоиса бар меоянд, ифодаи мазмуни мафҳумҳоеанд оид ба объектҳои муқоисашаванда. Аз ин ҷиҳат Муқоиса …

Муфассал »

МУҚОВИМАТИ ЭЛЕКТРӢ

soprotivlenie

МУҚОВИМАТИ ЭЛЕКТРӢ (аз арабӣ ва электр), 1) бузургиест, ки муқобилияти занҷири электрӣ ё як қисми онро ба ҷараёни электрӣ тавсиф медиҳад. Воҳидаш Ом. Муқовимати электрӣ дар натиҷаи ба дигар шакл гузаштан ё табдил ёфтани энергияи электрӣ ба вуҷуд меояд; дар сурати табдили барногарди энергияи электрӣ (асосан ба энергияи гармӣ) Муқовимати …

Муфассал »

МУҚОВИМАТИ МАГНИТӢ

mukovimati-magniti

МУҚОВИМАТИ МАГНИТӢ (аз арабӣ  ва магнит), муарриф (характеристика)-и занҷири магнитиро гӯянд. Муқовимати магнитӣ Rm ба нисбати қувваи магнитҳаракатдиҳанда (F), ки дар занҷири магнитӣ амал мекунад, бар сели магнитии дар занҷир бавучудомада (Ф) баробар аст. Муқовимати магнитии қитъаи якҷинсаи занҷири магнитиро бо формулаи Rm =  = S муайян кардан мумкин аст, …

Муфассал »

МУҚОВИМАТИ ГИДРОДИНАМИКӢ

gidrodinamicheskoye-soprotivleniye

МУҚОВИМАТИ ГИДРОДИНАМИКӢ (аз арабӣ  ва гидродинамика), аксуттаъсирест, ки моеъ ба ҳаракати ҷисми дарунии он мерасонад ва муқобилатест, ки деворҳои гулбаву каналҳо ба ҳаракати моеъ нишон медиҳанд. Дар сурати андаруни сели моеъ (газ) будани ҷисми сокин ва ё, баръакс, ҳангоми дар муҳити сокии ҳаракат кардани ҷисм Муқовимати гидродинамикӣ ба про-ексияи вектори …

Муфассал »

МУҚОВИМАТИ АЭРОДИНАМИКӢ

mukovimati-aerodinamiki

МУҚОВИМАТИ АЭРОДИНАМИКӢ (аз арабӣ     — истодагарӣ ва аэродинамика), муқовимати пешона, қувваи аэродинамикиеро гӯянд, ки бо он газ (масалан, ҳаво) ба ҷисми дар муҳити вай ҳаракаткунанда таъсир мерасонад. Ин қувва ба тарафе, ки ба самти суръат муқобил аст, равон мешавад ва зимнан аз ҷузъҳои таркибии қувваи аэродинамикист. Аз ин pӯ, донистани …

Муфассал »

МУҚОБАЛА

planets_configuration

МУҚОБАЛА (арабӣ— рӯбарӯшавӣ), 1) дар астрономия, вазъе, ки дар он тӯлҳои эклиптикии сайёра ва офтоб 180° фарқ доранд. Муқобала танҳо барои сайёраҳои беруна хос аст. Нигаред Конфигурасияи сайёраҳо. 2) Дар истилоҳи кӯҳна як қисми илми ҷабр (алгебра), нигаред Алҷабр ва-л-муқобала.

Муфассал »

МУҚИМӢ

nophoto

МУҚИМӢ   (тахаллусаш; номаш Муҳаммад Аминхӯҷа Мирзоаҳмад; 1850, Қӯқанд— 25. 5.1903,ҳамон ҷо), шоири демократи ӯзбек. Аз оилаи нонвой. Падараш Мирзохӯҷа тошкандӣ ва модараш Биби Ойиша аслан хуҷандӣ буд. Аввал ба мадрасаи «Ҳокимойим»-и Қӯқанд дохил шуда, пас аз хатми он дар мадрасаҳои Бухоро низ таҳсил кардааст. Пас аз хатми таҳсил муддате дар …

Муфассал »

МУҚИМОИ ШЕРОЗӢ

nophoto

МУҚИМОИ ШЕРОЗӢ    (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири эронӣ. Дар асри 17 зиндагӣ кардааст. Бо пешаи хайётӣ рӯз мегузаронид ва ба шеъру шоири шавқу ҳанаси зиёде дошт. Девонаш то замони мо нарасидааст, вале ашъори парокандааш дар таазкираву баёӯзҳо дарҷ гардидааст. Дар пайравии шоирони маснависарои форс-тоҷик достоин «Юсуф ва Зулайхо»-ро назм …

Муфассал »

МУҚИМОВ Рахим

nophoto

МУҚИМОВ Рахим (таваллуд 2.12.1922, Самарқанд), адабиётшинос ва драматурги тоҷику ӯзбек. А оилан муаллим. Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ  (Коммунистическая Партия Советского Союза) ва соли 1945. Солҳои 1935—1938 дар  Омӯзишгоҳи педагогин тоҷикии Самарқанд, 1938—1941 дар Университети давлатии Ӯзбекистон таҳсил кардааст. Аз соли 1944 дар Университети давлатии Самарқанд ба номи Алишери Навоӣ …

Муфассал »

МУҚАРНАС

mukarnas

МУҚАРНАС (арабӣ пурнақшу нигор), навъи нақшест, ки асосан барои ороиши косаи гунбаз ва калламуқарнас (бошаи сутун) истифода мешавад. Хоси меъмории Осиёи Миёна ва Шарқ буда, дар асрҳои 7—8 пайдо шудааст. Давраи авҷи инкишоф ва мавқеъ гирифтани он ба асрҳои 15—17 рост меояд. Муқарнас вобаста ба мавриди истифода хеле мураккаб мешавад. …

Муфассал »