Маълумоти охирин
Главная / 2018 / January (страница 6)

Архив Месяца: January 2018

МАВРИКИЯ

mavrikia

МАВРИКИЯ (Mauritius), давлат дар ҷазираи Маврикий ва ҷазираҳои Родригес, Агалега ва галаҷазираи Каргадос — Карахос, дар қисми ғарбии уқёнуси Ҳинд. Масоҳатии 2045 км2 (аз он ҷумла ҷазираи Маврикий 1865 км2). Аҳолиаш 950 ҳазор нафар (1980). Пойтахташ Порт-Луи (аҳолиаш 150 ҳазор нафар, 1977). Аз ҷиҳати маъмурӣ терр. Маврикия ба 9 округ …

Муфассал »

МАВЛУД

mavlud

МАВЛУД (ар. — таваллудшуда. зоидашуда), яке аз идҳои мусулмонон. ки гӯё ба рӯзи таваллуди Муҳаммад рост меояд. Мавлуд районҳои солҳои 10—11 муқаррар шудааст. Мавлудро одатан рӯзи 12-уми моҳи рабеъулаввали солшумории ҳиҷрии қамарӣ мегузаронанд. Рӯҳониён рӯзи Мавлуд дар масҷидҳо бо тоату ибодат машғул мешаванд. З. Бобохонова.

Муфассал »

МАВЛОНҶАРИ БОЛО

mavlonchari-bolo

МАВЛОНҶАРИ БОЛО, деҳает дар С. қ.Навободи pайони Ҳисори РСС Тоҷикистон Терр. колхози «Ленинизм». Аз Мавлонҷари Боло ркази С. қ 2 км, то район 9 км. Аҳолиаш 570 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби 8-сола ва магазин дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ. Заминҳо аз д. Хонакоҳ обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

МАВЛОНҶАР

mavlonchar

МАВЛОНҶАР, деҳаест дар С. қ. Навободи райони Ҳисори РСС Тоҷикистон Терр. колохози «Ленинизм». Аз Мавлонҷар то маркази С. қ. км, то район ва стансияи роҳи оҳан Хонакоҳ 9 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 781 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби 8-сола ва магазин дорад. Содаи асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ. Заминҳо аз д. Хонакоҳ …

Муфассал »

МАВЛОНОЗОДА

nophoto

МАВЛОНОЗОДА (соли таваллуд ва вафот номаълум), яке аз роҳбарони шӯриши сарбадорон дар Самарқанд. Аз оилаи давлатманд. Дар давраи ҳуҷуми муғулҳо аз Ҳафтрӯд ба Осиёи Миёна (1365) омада, ӯ муллобачаи яке аз мадрасаҳои Самарқанд шуд ва дар байни мардум ҳамчун шахси ҷасур ном баровард. Баъди он ки амирони Мовароуннаҳр Ҳусайн ва …

Муфассал »

МАВЛОНОВА Ҳанифа Муҳиддиновна

nophoto

МАВЛОНОВА Ҳанифа Муҳиддиновна (таваллуд 30.1.1924, ш. Ленинобод), сарояндаи советии тоҷик (сопранои лирикӣ—драмавӣ). Артисти Халқии СССР (1968). Аъзои КПСС аз соли 1952. Духтари мутриби халқӣ Муҳиддин Мавлонов. Аз хурдсолӣ ба мусиқӣ рағбат дошт. Омӯзишгоҳи мусиқии Ленинободро соли 1936 хатм карда, дар Консерваторияи давлатии Москва таҳсил намуд (1952—59). Пас аз хатми омӯзишгоҳ …

Муфассал »

МАВЛОНОВА Робия

nophoto

МАВЛОНОВА Робия (таваллуд 1927, деҳаи Бриш, ҳозира райони Шаҳритуз), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1965), Устоди пахтаи РСС Тоҷикистон (1962). Аъзои КПСС аз соли 1966. Солҳои 1942 — 54 колхозчии колхози «Нигитурмуш» (ҳозира колхози «Съезди 20-уми партия») ва колхози ба номи В. И. Ленин, 1954—73 сардори бригадаи пахтакории колхозҳои номбурда. Бригадаи …

Муфассал »

МАВЛОНОВ Шароф Мавлонович

nophoto

МАВЛОНОВ Шароф Мавлонович (таваллуд 5. 6. 1935, ш. Самарқанд), химики советӣ, доктори илмҳои химия (1980). Аъзои КПСС аз соли 1966. Соли 1958 Университети давлатии Самарқандро хатм кардааст. Солҳои 1958 —61 аспиранти АФ РСС Тоҷикистон Аз соли 1962 мудири лабораторияи физикаи нимноқилҳои Институти физика ва техникаи ба номи С. У. Умарови …

Муфассал »

МАВЛОНБЕКОВ Бобобек

nophoto

МАВЛОНБЕКОВ Бобобек (1895, Хуҷанд — 1959), революционер, ходими давлатӣ ва партиявии советӣ. Аз оилаи хизматчӣ. Аъзои КПСС аз соли 1920. Солҳои 1910—20 дар почта—телеграфи ш. Хуҷанд аввал коргари оддӣ ва баъд хизматчӣ шуда кор кард. Солҳои 1921—23 коркуни органҳои Комиссияи фавқулоддаи умумироссиягӣ. Иштирокчии фаъоли муборизаи зидди дастаҳои босмачиёни қурбошиҳо Амонқул …

Муфассал »

МАВЛОНБЕКОВ Аҳмадбек

nophoto

МАВЛОНБЕКОВ Аҳмадбек (1807, Хуҷанд—1037), революционер, ходими давлатӣ ва партиявӣ. Аз оилаи хаткашон. Аъзои КПСС аз соли 1018. Соли 1917 дар идораи телеграфи ш. Хуҷанд кор кард. Солҳои 1018-21 мудири шӯъбаи меҳнат ва таъминоти социалии Комиҷроияи уездию шаҳрия дучанд, раиси Комитет партиявии уездию шаҳрӣ, Комитети революционӣ ва Комиҷроияи уездию шаҳрии Хуҷанд, …

Муфассал »