Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МАГНИТОМЕТР

МАГНИТОМЕТР

magnitometrМАГНИТОМЕТР (аз. юн. magnetis — магнит ва …метр), асбобест барои чен кардани тавсифи майдони магнитӣ ва хосияти магнитии моддаҳо (материалҳои магнитӣ). Вобаста ба принципи корашон Магнитографҳои магнитостатикӣ, электромагнитӣ, индукциониӣ, электродинамикӣ ва Магнитографҳои ба ҳодисаи резонанси парамагнитӣ асоскардашуда мавҷуданд. Мас., дар Магнитографҳои маггнитостатистикӣ шиддатнокии майдони магнитӣ ё тағйироти он бо ақрабаки магнитии даврзананда муайян карда мешавад. Магнитографҳое, ки дар онҳо тағйири бузургиҳо ба таври автоматӣ ба қайд гирифта мешаванд, магнитографон ном доранд. Бо ёрии Mагнитографҳo моменти магнитӣ, магнитнокии материалҳои ферромагнитӣ, шиддатнокии майдонҳои магнитӣ (аз ҷумла шиддатнокии майдони магнитии Замин) ва ғ-ро чен мекунанд. Шкалаи Магнитографҳо бо воҳидҳои индукцияи магнитӣ (дар СИ) дараҷа баста мешавад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …