Маълумоти охирин

Архивы за день : 25.12.2017

БОТРИОМИКОЗ

botriomikoz

БОТРИОМИКОЗ (аз юнонӣ botrys – хӯша ва mykes – занбурӯғ), касалии сироятии музмини ҳайвонот. Ҳангоми Ботриомикоз бофтаи пайвандӣ бинобар илтиҳоб нумӯ ёфта, ба варам монанд мешавад. Ангезандаи Ботриомикоз занбурӯғи Botryomyes ascoformans аст. Он бештар дар ҷойҳои ба пӯст расидаи афзори асп, дар мушакҳо, роҳи нутфа, гиреҳҳои лимфавӣ ва пистон ҷой …

Муфассал »

БОТНИК

botnik

БОТНИК (шведӣ Bottniska viken, финӣ pohjanlahti), халиҷ дар қисми шимолии баҳри Балтика, байни Шветсия ва Финляндия. Дарозиаш 668 километр, бараш то 240 километр, масоҳаташ 117000 км2, умқаш дар шимол 110 метр, дар ҷануб то 290 метр. Ботник ба ду қисм ҷудо мешавад: шимол – Боттенвик (халиҷи Ботник) ва ҷануб – …

Муфассал »

БОТЛОҚ

boloto

БОТЛОҚ, қисми сернаму оби сатҳи Замин, ки дар он моддаҳои табиии напӯсида ҷамъ мешаванд ва баъдан ба торф мубаддал мегарданд. Оби Ботлоқ хокро сернам нигоҳ медорад. Дар чунин шароит дар ботлоқ набототи намидӯст месабзанд. Ботлоқ намиро нигоҳ дошта, кам бухор ме­кунад. Он бар асари васеъшавии ҳавзҳои об ва сернамшавии заминҳои …

Муфассал »

БОТКАНД

batken-shaary

БОТКАНД, Бодканд, Баткен, шаҳр дар қисми ҷанубу ғарбии Ҷумҳурии Қирғизистон, маркази маъмурии ноҳия ва вилояти ҳамном. Аҳолиаш 13,1 ҳазор нафар (2012). Масоҳаташ 51,8 километр2.Дар баландии 1036 м аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Зичии миёнаи аҳолӣ -234 нафар дар 1 километр2 .Соли 1934 ҳамчун музофоти маркази ноҳияи Ботканд таъсис ёфтааст. Аз …

Муфассал »

БОТКАНД

botkand

БОТКАНД, Баткен, Бодканд, (аз бод ва қанд, яъне макони шамолу бод), вилоят дар қисми ҷанубии Киргизистон. Маркази маъмурияш – шаҳри Ботканд. 13 октябри 1999 аз вилояти Ӯш ҷудо шуда, воҳиди маъмурии мустақили Ҷумҳурии Кирғизистон эътироф шудааст. Ботканд аз 3 ноҳия (Ботканд, Қадамҷо, Лайлак) ва 4 шаҳр (Ботканд, Кизилкия, Сулукта, Ҳайдаркон) …

Муфассал »

БОТКИН Сергей Петрович

http://to-name.ru/

БОТКИН Сергей Петрович (17.9.1832, Маскав – 24. 12.1889, Ментонаи Фаронса), духтур-терапевти рус, асосгузори ҷараёни физиологӣ дар тибби клиникб. Соли 1855 факултаи тиббии Университети Маскавро хатм намуда­аст; аз 1861 профессори клиникаи муолиҷавии Академияи тиб­бии ҷарроҳии Петербург. Боткин яке аз асосгузорони тибби илмии клиникавӣ мебошад. Аввалин бор дар Руссия ла­бораторияи таҷрибавиро, ки …

Муфассал »

БОТИЯ

crater

БОТИЯ (арабӣ ҷом, қадаҳи бузург, лотинӣ crater, русӣ чаша), бурҷи нимкураи ҷанубии осмон, ки масоҳати 282,4 градуси мураббаъро фаро гирифта, 20 ситораи ба чашм намоён дорад ва дар осмони ситоразор хуб мушоҳида мешавад. Сито­раи муниртаринаш а Crt буда, бузургии ситоравиаш 3,57m аст. Ботия аз қадим маълум буда, дар бисёр феҳристҳои …

Муфассал »

БОТИНӢ

images

БОТИНӢ шоири тоҷик (асри 15). Дар зодгоҳаш – шаҳри Балх таҳсил кардааст. Пас аз касби камол ба хидмати Алишери Навоӣ роҳ ёфт. Бо нияти ҳаҷ ба сафар баромада, пас аз адои фаризаи мазкур чун дарвешон дар кишварҳои гуногуни Шарқ рӯз мегузаронд. Алишери Навоӣ аз ӯ мухтасаран ёд карда, як байташро …

Муфассал »

БОТИНИЯ

botiniya

БОТИНИЯ (дарун, ниҳон), маҷмӯи фирқаҳои исмоилия, ки бар хилофи таълимоти зоҳирия маънои бо­тинии Қуръонро таъвил мекунад. Инсон мавҷудест ибо­рат аз рӯҳу модда ва табъан зиндагиаш низ бояд бар асо­си дуҷониба – моддӣ (ҳаёти моддию дунявӣ) ва маънавӣ (ҳаёти маънавӣ ва ҷовидонӣ) танзим гардад. Дар ҳамин асос ботиниён иддао доштанд, ки …

Муфассал »

БОТИН

botin

БОТИН (арабӣ — дарун, пинҳон, роз), истилоҳест дар фарҳанги исломӣ роҷеъ ба дорои маънои нуҳуфта ва аслӣ будани ашёву мавҷудот. Роҷеъ ба Ботин дар тасаввуф назари­яи махсус вуҷуд дорад. Орифон Ботинро хештани хеши одамӣ ва ҷаҳону инсон ва ҳама ашёву падидаҳоро дороӣ зоҳиру Ботин дониста, муътақид ба олами зоҳир ва …

Муфассал »